Ҳикмат Мӯминов
Ҳикмат Мӯминов (Муминов Ҳикмат Ҳалимович; 14 сентябри 1966, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон — 21 октябри 2021, Маскав, Русия) — омӯзгор, физикдон, доктори илмҳои физикаву математика (1996), узви вобастаи АИ ҶТ (2004)[1], академики АИ ҶТ (2017).
Муминов Ҳикмат Ҳалимович | |
Таърихи таваллуд | 14 сентябр 1966 |
Зодгоҳ | Душанбе |
Таърихи даргузашт | 21 октябр 2021 (55 сол) |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | физикаи назариӣ, моделсозӣ ва нанотехнология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва АИ ҶТ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | академики АИҶТ |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Роҳбари илмӣ | узви вобастаи АИ ҶТ Фотеҳ Ҳакимов |
Ҷоизаҳо | Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника |
Зиндагинома
вироишҲикмат Муминов 14 сентябри соли 1966 дар ш. Душанбе, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 60 шаҳри Душанбе (1973—1983) соҳиб шуда, муассисаи мазкурро бо медали тило хатм кардаанд. Баъдан ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1988 бо дипломи сурх бомуваффақият хатм мекунанд.
Солҳои 1988—1991 ҳамчун аспиранти кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо пажуҳиши илм машғул шуда, ҳамзамон ҳамчун олими ҷавони боистеъдод барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар чаҳорчубаи аспирантура ба лабораторияи техникаи ҳисоббарор ва автоматизатсияи Институти муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии шаҳри Дубнаи Федератсияи Русия (ИМТЯ ш. Дубна) фиристода мешаванд. Пас аз хатми бомуваффақияти аспирантура, соли 1992 дар синни 26-солагӣ дар ИМТЯ шаҳри Дубна рисолаи номзадии худро таҳти роҳбарии олимони барҷастаи мактабҳои илмии Иттиҳоди Шуравӣ Владимир Григоревич Маханков ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдуллоев бо унвони «Таҳқиқоти назариявӣ ва моделсозии математикии баъзе системаҳои спинӣ» дифоъ менамоянд.
Солҳои 1993—1996 ҳамчун докторанти ИМТЯ шазри Дубна таҳқиқот бурда, соли 1996 рисолаи доктории худро таҳти унвони «Муаммоҳои назарияи падидаҳои ғайрихаттӣ дар магнетикҳои анизотропӣ бо дарназардошти моментҳои мултиполӣ» дар синни 30-солагӣ бомуваффақият дифоъ менамоянд. Солҳои 1996—1999 ба ҳайси ходими калони илмӣ ва баъдан ҳамчун ходими пешбари илмии Лабораторияи физикаи назариявии ба номи Н. Н. Боголюбови ИМТЯ ш. Дубна фаъолият менамоянд.
Солҳои 1999—2006 ҳамчун профессори кафедраи физикаи назариявии ДМТ фаъолияти илмӣ ва таълимии худро ба омода намудани мутахассисон — физикдонҳои ҷавони тоҷик мебахшанд. Солҳои 2006—2019 ҳамчун директор (2006—2017) ва баъдан ҳамчун роҳбари Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2017—2019) фаъолият бурда, дар ин муддат як қатор навгониҳои илмиро дар соҳаи физика ва техникаи кишвар ворид менамоянд.
Ҳикмат Муминов солҳои 2017—2020 ҳамчун ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва раиси шўъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият бурда, саҳми арзандаи хешро дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии кишвар гузоштанд.
Аз ҷониби Муминовд аппарати математикии ҳолатҳои когерентии умумикардашуда барои қимматҳои баланди спин таҳия шуд, ки имкон дод тавсифи комилан мувофиқи нимназариявии системаҳои спинии квантӣ бо дарназардошти ангезиши майдонҳои мултиполӣ ба даст оварда шавад.
Даргузашт
вироишҲикмат Муминов 21 октябри 2021 бар асари бемории саратон дар синии 55-солагӣ дар шаҳри Маскав аз олам даргузашт[2].
Ҷоизаҳо
вироиш- Медали «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
- Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (1998).
Эзоҳ
вироиш- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
- ↑ Академик Ҳикмат Муминов дар синни 55-солагӣ аз олам даргузашт. asiaplustj.info. ASIA-Plus. 21 октябри 2021 санҷида шуд.