Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ

Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ (форсӣ: هندوشاه نخجوانی‎; 1245, Kharabagilan[d], Ноҳияи Ордубад1328) — муншӣ, нависанда, луғатнавис ва донишманди форс-тоҷик..

Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ
Таърихи таваллуд: 1245
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1328
Навъи фаъолият: олим

Зиндагинома вироиш

Муҳаммад дар дарбори писари Рашидуддини Фазлуллоҳи вазир — Ғиёсуддини Рашиди муншӣ буд. Сипас ба хидмати султан Увайс (1356—1374) дохил шуда, дар фанни иншо китобе бо номи «Дастулу-л-котиб фӣ таъйини-л-маротиб» (1365—1366) таълиф кард. Ин асар дар равшан сох­тани масъалаҳои таърих, иқтисодиёт, сиёсату маданияти мамолики Шарқи Наздики асрҳои 13—14 сарчашмаи пурқимат аст. Онро муаррихи шӯравӣ А. А. Ализода дар ду ҷузъ (ҷ. 1, 1962; ҷ. 2, 1973) дар Маскав ба табъ расонидааст

Муҳаммад аз ҷумлаи нахустин луғатнависони форс-тоҷик (баъди Қатрони Табрезӣ ва Асадии Тӯсӣ) буда, дар таърихи илму адаби форс-тоҷик бо тасвифи фарҳангҳои «Сиҳоҳу-л-фурс» ва «Сиҳоҳу-л-аҷам» шӯҳрат дорад. «Сиҳоҳу-л-фурс» соли 1962 дар Теҳрон ба табъ расидааст. «Сиҳоҳу-л-Аҷам» луғати форсӣ-арабӣ-туркӣ буда, аз он нусхаҳои дастнавис боқӣ мондааст. Фарҳанг очерки грамматикии ин забонҳоро низ дар бар гирифтааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ / С. Имронов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).