Ҳобилҷон Зикиров
Ҳобилҷон Ҳайиталиевич Зикиров (тав. 07.02.1981, деҳаи Шоҳони ноҳияи Ҳисор), файласуф, номзади илмҳои фалсафа (2009).
Ҳобилҷон Ҳайиталиевич Зикиров | |
Таърихи таваллуд | 7 феврал 1981 (43 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фалсафа |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои фалсафа |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1998– 2002 дар бакалаврият, 2002–2004 дар магистратураи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил намудааст. Аз соли 2004 то ба имрӯз ассистенти кафедраи фалсафаи донишгоҳи омӯзгорӣ мебошад. Солҳои 2005–2008 дар аспирантураи донишгоҳ таҳсил кардааст. Инчунин солҳои 2001–2005 ҳамчун мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2005 то ба имрӯз раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишҷӯёни донишгоҳи омӯзгорӣ мебошад. Муаллифи 7 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ аст, ки дар онҳо ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсии Ибни Халдун баррасӣ шудаанд.