Ҳокимияти маҳаллӣ (дар Тоҷикистон)

Ҳокимияти маҳаллӣ (дар Тоҷикистон) — дар шахси мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллӣ тараққии иҷтимоию иқтисодии қаламрави дахлдор, иҷрои Конститутсия, қонунҳои ҶТ, қарорҳои Маҷлиси Олй, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси болоии вакилони халқ ва раисро таъмин менамояд. Раисони ҳокимияти маҳаллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад ва онҳоро барои тасдиқ ба Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ пешниҳод менамояд. Раиси ҳокимияти маҳаллӣ аз ҷумлаи вакилони маҷлиси дахлдори вакилони халқ таъйин ва тасдиқ мешавад.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - C. 511