Вазъияти низомӣ

(Тағйири масир аз Ҳолати ҳарбӣ)

Вазъияти ҳарбӣ — вазъи махсуси маъмурию ҳуқу­қиест, ки дар мамлакат ё минтақаи алоҳидаи он, ҳангоми ба хатари воқеӣ дучор шудани амнияти давлат, рӯй додани хатари таҷовузу марзшиканӣ аз тарафи давлати дигар, инчунин дигар ҳолатҳои фавқулода (ҷанг, ошӯбҳои зиддидавлатӣ, офатҳои табиӣ ва ғ.) ҷорӣ карда мешавад.

Дар Тоҷикистон

вироиш

Вазъияти ҳарбӣ дар чунин ҳолатҳо ҷорӣ карда мешавад:

  • ҳуҷум намудани қувваҳои мусаллаҳи давлати хориҷӣ ё гурӯҳи давлатҳо ба ҳудуди Тоҷикистон,
  • бомбаафкании давлат­ҳои хориҷӣ ҷиҳати ба истифода додани ҳудуди давлати Тоҷикистон ба давлати дигар
  • инчунин дигар намуди таҷо­вузу таҳдидҳое, ки ба якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон хатар дорад.

Ҷорӣ кардани вазъияти ҳарбӣ мазмуни боздоштани идоракунии конститутсиониро дорад, яъне ба мақомоти ҳарбӣ супурдани ваколатҳои фав­қулода ё идораи ҳокимияти давлатӣ. Вазъияти ҳарбӣ аз лаҳзаи эълон намудани он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, то вақти бекор гардидани он амал мекунад. Дар вақти эълон шудани вазъияти ҳарбӣ чораҳои қатъӣ пешбинӣ мешаванд: тамоми вазифаи мақомоти ҳокимия­ти давлатӣ доир ба мудофиа, таъмини тартиботи ҷамъия­тӣ ва бехатарии давлатӣ ба ихтиёри ҳарбиён мегузарад. Баробари ҷорӣ гардидани вазъияти ҳарбӣ қисме аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ба мисли аз ҷое ба ҷое рафтани одамон, ҷамъомаду гирдиҳамоиҳо, озодии сухан, интишору истифодаи васоити ахбор ва ғайра маҳдуд мегарданд. Баъзан са­ло­ҳияти ҳокимияти судӣ ва иҷроия ба суди ҳарбӣ супорида мешавад.

Дар давраи амали вазъияти ҳарбӣ ҳамаи тадбирҳои зарурии ҳуқу­қӣ, иҷтимоӣ, ташкилию сиёсӣ ва омодагии ҳарбӣ бояд иқтидори мудофиавӣ ва амнияти кишварро таъмин намоянд. Дар ин давра фаъолияти ташкилоту муассиса ва кор­хонаҳо, новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, маҳдуд гардида, ба низоми вазъияти ҳарбӣ мувофиқ кар­да мешаванд. Сафарбарии ҳарбии маҳдуд ва умумӣ дар баъзе минтақаҳо ё қаламрави ҷумҳурӣ эълон гардида, ба зиммаи шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони мансабдор мумкин аст уҳдадориҳои иловагӣ гузошта шавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷузъу томҳо, мақомоти низомӣ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ барои зада баргардонидани таҷовуз тибқи санадҳои меъёрию ҳу­қуқӣ, принсипу меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин со­зиш­номаҳои байналмилалии Тоҷикистон амал менамоянд.

Тартиби ҷорӣ намудан ва реҷаи вазъияти ҳарбиро қонун муқар­рар менамояд. Тибқи банди 22 моддаи 69 Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдиқи Маҷлиси Олӣ пешниҳод мекунад. Муоҳидаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (соли 1966) вазъияти ҳарбиро пешбинӣ намекунад, вале имкони ҷорӣ кардани ҳолати фавқулодаро дар сурати «дар зери хатар будани ҳаёти миллат» дастгирӣ менамояд.

Адабиёт

вироиш