Ҳолатҳое, ки ҷазоро вазнин мекунанд

Ҳолатҳое, ки ҷазоро вазнин мекунанд — ҳолатҳое мебошанд, ки дар м. 62 Кодекси ҷиноятии ҶТ пешбинӣ шудаанд ва мувофиқи талаботи асосҳои умумии таъйини ҷазо (м.60 КҶ ҶТ) суд уҳдадор аст, ки ин ҳолатҳоро ҳангоми таъйини ҷазо ба назар гирад.

Ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷазо инҳо мебошанд:

  • а) такроран содир намудани ҷиноят ретсидив, ҳамчун касб содир намудани ҷиноят;
  • б) оқибати вазнин доштани ҷиноят;
  • в) бо маслиҳати пешакӣ дар ҳайати гурӯҳи ашхос, гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир намудани ҷиноят;
  • г) нақши махсусан фаъол доштан дар содир намудани ҷиноят;
  • д) дар содир намудани ҷиноят дидаю дониста ҷалб кардани ашхосе, ки гирифтори бемори рӯҳӣ мебошанд, дар ҳолати мастӣ қарор доранд, инчунин ашхоси хурдсол ё ноболиғ;
  • е) содир намудани ҷиноят бо сабаби адовати маҳалгароӣ, миллӣ ё динӣ, таассуби динӣ, қасосгирӣ барои амалҳои қонунии ашхоси дигар, инчунин бо мақсади сабук кардан ё рӯйпӯш намудани ҷинояти дигар;
  • ж) дидаю дониста аз тарафи гунаҳгор содир намудани ҷиноят нисбати зани ҳомиладор, инчунин нисбати кӯдаки хурдсол, ноболиғ, шахси дигари бепаноҳ ё нотавон ё шахсе, ки дар тобеияти гунаҳгор мебошад;
  • з) содир намудани ҷиноят нисбати шахс вобаста ба иҷрои вазифаи хизматӣ ё ҷамъиятӣ ё нисбати хешовандони наздики ӯ;
  • и) ҷиноят содир намудани шахсе, ки бо рафтори худ савганд ё қасами касбии ёдкардашро вайрон намудааст;
  • й) содир намудани ҷиноят бо бераҳмии махсус, шиканҷа ё азобу уқубат додани ҷабрдида;
  • к) содир намудани ҷиноят бо истифодаи яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ, моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ё воситаҳои ба он монанд, воситаҳои техникии махсус тайёркардашуда, моддаҳои заҳрнок ва радиоактивй, дорувор ва дигар воситаҳои амалии дорусозӣ ё бо усули барои ҷомеа хавфнок;
  • л) содир намудани ҷиноят бо исгифода аз вазъи фавқулода, офати табий ё фалокатҳои дигари ҷамъияггӣ, инчунин ҳангоми бетартибиҳои оммавӣ;
  • м) содир намудани ҷиноят дар ҳолати майзадагӣ, мадҳушй аз маводи напгьаовар ё таҳти таъсири модцаҳои психотропй ва дигар модцаҳои мадҳушкунанда будан;
  • н) қасдан содир намудани ҷиноят бо волидайн;
  • о) содир намудани ҷиноят бо мақсади гаразнок ё дигар ниятҳои нопоку паст (қ.2 м.62 КҶ ҶТ)

Суд метавонад вобаста ба хусусияти ҷиноят ҳолатҳои дар бандҳои “а”, “н” ва “о” зикргардидаро ҳамчун ҳолати вазнинкунанда эътироф накунад (қ.2.м.62 КҶ ҶТ). Агар ҳолати дар қ.2 м. 62 КҶ ҶГ зикргардида дар моддаи дахддори Қисми махсуси КҶ ҶТ ба сифати нишонаи ҷиноят пешбинӣ шуда бошад, онро суд такроран ҳамчун ҳолати вазнинкунандаи ҷазо ба назар гирифта наметавонад (қ.З м.62 КҶ ҶТ). Ҳангоми таъйини ҷазо суд ҳолатҳои дар м.62 КҶ ҶТ зикргардидаро ҳолатҳои вазнинкунанда эътироф карда наметавонад (қ.4 м. 62 КҶ ҶТ).[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 512-513