Ҳуқуқвайронкунӣ
Ҳуқуқвайронкунӣ - амали ба ҷомеа зараровар, гунаҳкорона ва зиддиҳуқуқии шахси дорои қобилияти амалкунӣ аст. Аломатҳои ҳуқуқвайронкунӣ:
- ҳуқуқвайронкунӣ, пеш аз ҳама, рафтор аст, ки дар шакли ҳаракат ё беҳаракатӣ (иҷро накардани амале, ки мувофиқи қонун он ҳатман бояд амалӣ гардад) содир мешавад;
- ҳуқуқвайронкунӣ амали зиддиҳуқуқӣ аст;
- ҳуқуқвайронкунӣ амали гунаҳкорона аст;
- ҳуқуқвайронкунӣ амали зараровар аст.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 521
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |