Ҳоликорнос
Ҳоликорнос (юн. Ἁλικαρνασσός, лот. Halicarnassus) — номи як шаҳри бостонӣ дар Кария дар соҳили баҳри Миёназамин, дар Осиёи Хурд, ки дар он харобаҳои яке аз ҳафт муъҷизаи олам — Оромгоҳи Мавсол воқеъ аст. Зодгоҳи таърихнигори машҳури юнонӣ Ҳеродот.
Маҳалли аҳолинишин | |
Кишвар | [[|]] |
---|---|
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таъсис | 1100 то м. |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ин шаҳр аз ҷониби сокинони юнонӣ тақрибан дар садаи VIII то мелод бунён ниҳода шуд ва миёнаҳои садаи IV то мелод дар муддати кӯтоҳ пойтахти Кария гардид. Соли 1523 ба империяи туркҳои Усмонӣ ҳамроҳ шуда, дар харобаҳои он шаҳри Бодрум бунёд гардид.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Галикарнас // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.