Ҳомид Пулодов
Ҳомид Ризоқулович Пулодов (05.09.1941, д.Карабчии н.Шаҳристон – 3.12.2007, Хуҷанд), файласуф, докторӣ илмҳои фалсафа (1985), профессор (1988). Ходими шоистаи илм ва техникаи ҶТ (1997), Аълочии хифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ (1998), Аълочии маорифи халқи ҶТ (2000), узви вобастаи Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои оли (2004).Дорандаи Ҷоизаи ба номи Б. Ғафуров (2001), Олими сол (1993).[1]
Ҳомид Ризоқулович Пулодов | |
Таърихи таваллуд | 5 сентябр 1941 (83 сол) |
Зодгоҳ | шаҳри ноҳияи Шаҳристон |
Фазои илмӣ | олим |
Зиндагинома
вироишДастпарвари ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1970). Омузгори мактаби миёнаи №53 н.Хуҷанд (1965-69), ассистенти кафедраи коммунизми илмӣи ДДОЛ (1969-71), аспиранти факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав (1972-74), дотсенти кафедраи коммунизми илмӣи ДДОЛ (1974-85), профессор, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДОЛ-ДДХ (1988-95), депутати Мачлиси Олии ҶТ (1995), ҷонишини раиси в.Ленинобод (1996-99), ёвари Президенти ҶТ дар в.Ленинобод, узви Комиссияи мусолихаи милли (1997-2000), ректори ДДХБСТ (1999-2006). Муаллифи 16 рисола ва мақолаҳои сершумор оид ба масоили мубрами инкишофи ҷамъият дар давраи муосир, яке аз мураттибони комуси дучилдаи «Динҳои мардуми ҷаҳон» мебошад. Таҳти рохбарии Пулодов 12 нафар рисолаи номзади ва се нафар рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд. Дорандаи Ҷоизаи ба номи Б. Ғафуров (2001), Олими сол (1993). Бо ордени Дустӣ мукофотонида шудааст.