Ҳомилтун (Бермудо)
Ҳомилтун (англ. Hamilton), Гамилтон, Ҳамилтон — маркази маъмурии ҷазираҳои Бермуд дар ҷазираи ҳамном, дар соҳили халиҷи Грейт-Саунд. Аҳолиаш 1500 нафар (2013). Бандари баҳрӣ бо истгоҳи киштиҳои калони саёҳатӣ (аз соли 1956 бандари кушода).
Маҳалли аҳолинишин | |||
англ. Hamilton | |||
|
|||
Кишвар | [[|]] | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Таъсис | 1793 | ||
Масоҳат |
|
||
Баландии марказ | 18 м | ||
Минтақаи замонӣ | UTC−04:00[d] | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ | |||
cityofhamilton.bm(англ.) | |||
|
|||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишСоли 1790 ҳамчун қароргоҳи идораи маъмурии ҷазираҳо бунёд гардида, ба номи губернатори ҷазираҳо Ҳомилтун Гамилтон (1778-94) номгузорӣ шудааст. Аз соли 1793 — шаҳр. Соли 1815 маркази маъмурии мустамликаҳо аз Сент-Ҷорҷ ба Ҳомилтун кӯчонида шуд.
Иқтисод
вироишСоҳаи асосии иқтисодиёт — сайёҳӣ. Ҳомилтун яке аз марказҳои асосии молияи офшории ҷаҳонӣ буда, дар ин ҷо беш аз 300 ширкати байналмилалие, ки дар ҷазираҳои Бермуд намояндагӣ доранд ва 11 ҳазор ширкате, ки намояндагӣ надоранд, ба қайд гирифта шудаанд. Ҳомилтун маркази савдост, саноати дорусозӣ ва атриёту моҳидорӣ тараққӣ кардааст.
Дар маркази Ҳомилтун иморатҳои бо услуби григорианӣ ва викторианӣ биноёфта бисёранд. Ёдгориҳои меъморӣ: ратуша, калисои ҷомеъ (1894—1997, услуби готикаи нав), калисои привитеринаии Эндрюи Муқаддас (1846), қасри Виндзор, қалъачаи Гамилтон (1870-76), бинои ҳукуматии «Сешнз-Ҳауз» (1817—1887). Осорхонаи ҷамъиятӣ-таърихӣ, нигористони миллӣ, дар музофотҳо пляжҳои регӣ, аквариум, боғи ҳайвонот дорад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гамилтон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Пойтахтҳои Амрикои Шимолӣ |
---|
Бастер | Белмопан | Бриҷтаун | Вашингтон | Гавана | Гватемала | Кастрис | Кингстаун | Кингстон | Манагуа | Мехико | Нассау | Оттава | Панама | Порт-о-Пренс | Порт-оф-Спейн | Розо | Сан-Салвадор | Санто Доминго | Сан-Хосе | Сент-Ҷонс | Сент-Ҷоржес | Тегусигалпа |