Ҳосиб Сангович Тошев (тав. 25.07.1946, шаҳри Норак - ваф. 11.07.2018, шаҳри Норак), кимёшинос, номзади илмҳои биологӣ (1988), дотсент (1990).

Ҳосиб Тошев
Ҳосиб Сангович Тошев
Таърихи таваллуд 25 июл 1946(1946-07-25)
Зодгоҳ Норак, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 11 июл 2018(2018-07-11) (71 сол)
Маҳалли даргузашт Норак
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ кимиё
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1964–1969 дар факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1969–1970 афсари Артиши Шӯравӣ, 1971–1975 ассистенти кафедраи химияи органикӣ ва биологии донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1975– 1976 коромӯзи назди факултети химияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1979 муаллими калони кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1979–1982 аспиранти Институти таърихи табиатшиносӣ ва техникаи Академияи илмҳои ИҶШС дар шаҳри Москва буд. Солҳои 1983–1990 ҳамчун муаллими калони кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, 1990–1993 дотсенти кафедраи методикаи таълими биология ва химия, 1993–1998 мудири кафедраи номбурда дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Аз соли 1998 то ба имрӯз дотсенти кафедраи технология ва экологияи химиявӣ мебошад. Муаллифи 2 китоби дарсӣ, 2 дастури таълимию методӣ, зиёда аз 100 мақолаҳои илмию методӣ ва мураттиби 8 барномаи таълимию методӣ аст. Оид ба пайвастагиҳои фаъоли биологӣ дар рустаниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмӣ бурдааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1987) сарфароз гардидааст.

  • Методикаи омӯзиши асосҳои истеҳсолоти химиявӣ, Д., 1996;
  • Витаминҳо ва дигар пайвастаҳои фаъоли биологӣ (Дастури таълимӣ аз химияи организмҳо барои синфи 10), Д., 1996;
  • Омӯзиши маводҳои маҳал дар курси химияи мактаби миёна (Дастури таълимӣ аз химияи ғайриорганикӣ барои синфҳои 8-9), Д., 1997;
  • Осори ниёгон дар таълими химия, Д., 1997;
  • Корҳои амалӣ аз химия барои синфҳои 8-9, Д., 1998;
  • Химия (Китоби дарсӣ барои синфи 8), Д., 2002;
  • Биологияи умумӣ (Китоби дарсӣ барои синфи 10), Д., 2008;
  • Первые отечественные исследования химического состава растительных объектов // Труды XXVI научной конференции аспирантов и молодых специалистов ИИЕиТ АН СССР. Секция истории биологии и биоорганической химии, М., 1982;
  • Белок зерна пшеницы возделываемой в условиях Таджикистана // Дар маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии «Тадқиқотҳои навини назариявӣ ва амалии химиявӣ дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Д., 2010.

Пайвандҳо

вироиш