Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ

Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ (форсӣ: حاجی عبدالعظیم شرعی‎; ?, Пешовар, Ҳиндустон — 1890, Янгиқурғон, Самарқанд) — шоир ва тазкиранависи форс-тоҷик.

Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар Пешовар ва Бухоро илмҳои расмии даврро омӯхт. Солҳои 60 а. 19 дар Бухоро мударрис буд. Муддате ба Ҳинд рафта, боз ба Бухоро баргашт. Дар шеърҳои нахустинаш Сомӣ тахаллус дошт. Аз Шаръӣ тазкираи нотамоме боқист, ки дар Захираи дастнависҳои Институти шарқшиносии АИ Узбекистон (рақами З396 III) маҳфуз аст. Онро Абдулвоҳиди Мунзим китобат кардааст. Ин асар барои омухтани адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри 19 аҳамияти калон дорад, чунки муаллиф дар бораи шоирони маъруфи аср (Ахмади Дониш, Савдо, Возеҳ, Шоҳин ва диг.) маълумоти муфассал овардааст. Шаръӣ, ҳамчунин дар ин тазкира Возеҳ ва Аҳмади Дониш барин шоирони пешқадамро аз туҳматҳои ноҳақ ва ҳамлаҳои беҷои уламои мутаассиб ҳимоя намудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Шаръӣ / М. Ҷалилова // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).