Ҳоҷӣ Аҳмадов (тав. 1910, шаҳри Самарқанд) — сарояндаи тоҷик, яке аз асосгузорони санъати операи тоҷик, овозаш тенори драмавӣ. Ҳунарпешаи хизматнишондодаи (шоистаи) ҶШС Тоҷикистон (1941).

Ҳоҷӣ Аҳмадов
Ҳоҷӣ Аҳмадов
Таърихи таваллуд 1910(1910)
Зодгоҳ Самарқанд
Пеша(ҳо) ҳунарпеша

Зиндагинома

вироиш

Ҳоҷӣ Аҳмадов соли 1910 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Техникуми мусиқии Тошканд (1933) ва шуъбаи миллии Консерваторияи давлатии шаҳри Маскав ба номи П.Чайковскийро хатм намудааст (1950), ҳофизи радиои тоҷик (1933—1934), ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ (1934—1939), ҳунарпеша ва сарояндаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (1939—1980). Аз соли 1980 нафақагири шахсӣ.

Образҳои саҳнавӣ

вироиш

Ҳоҷӣ Аҳмадов аввалин иҷрокунандаи Гимни ҶШС Тоҷикистон мебошад. Зиёда аз 50 нақш ва партияҳои асосиро иҷро кардааст:

  • Ёдгор (пйесаи «Дохунда»-и Ҷалол Икромӣ),
  • Тоҳир (намоишномаи мусиқии «Лола»-и С. Саидмуродов, С.Урбах, Сергей Баласанян)
  • ҳокими Балҷувон (аз операи «Шӯриши Восеъ»-и Сергей Баласанян)
  • Тоҳир («Тоҳир ва Зӯҳро»-и А. Ленский),
  • Бахтиёр («Бахтиёр ва Нисо»-и Ш. Сайфиддинов, Мадан («Комде ва Мадан» -и Зиёдулло Шаҳидӣ),
  • Кӯҳзод («Лаънаткардаи халқ»-и Дамир Дӯстмуҳаммадов),
  • Аскар («Оршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков),
  • Чӯпон («Найрангҳои Майсара»-и Сулаймон Юдаков),
  • Герман («Моткаи карамашшоқ»-и П.Чайковский),
  • Радамес («Аида»-и Ҷ. Верди),
  • Кварадоси («Тоска»-и Ҷ. Пуччини) ва ғ.

Мукофот ва ҷоизаҳо

вироиш

Аҳмадов Ҳ. бо ду ордени Байрақи Сурхи меҳнат, ордени «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]

Сарчашма

вироиш
  1. [Ҳамроев Ҳ. Аҳмадов Ҳоҷӣ. //Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик.- Душанбе, 1988.- ҷ. 1. — С. 215 −216.