Серге́й Арте́мевич Баласаня́н (26 августи 1902, Ашқобод3 июни 1982, Маскав) — композитори арманитабори Тоҷикистон. Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон (1957), Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1939), Ходими хизматнишондодаи санъати РСФСР (1963), Артисти халқии РСФСР (1978).

Сергей Артёмевич Баласанян
Баласанян Сергей Артёмевич
Таърихи таваллуд 13 (26) август 1902(1902-08-26)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 3 июн 1982(1982-06-03) (79 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, омӯзгори мусиқӣ, ходими ҷамъиятӣ
Сабк опера[1]
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ» ордени «Нишони Фахрӣ»
Stalin Prize, 2nd degree Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон Ҳунарпешаи халқии ҶШФСР Honored art worker of the Russian Soviet Federative Socialist Republic

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи шуъбаи радио­ах­бо­ри факултети таърих ва назарияи Консерваторияи ба номи П. Чайковскийи Маскав (1935). Соли 1936 ӯро Идораи санъа­ти Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ даъ­ват намуд. Сергей Баласанян аввалин Раиси ИК ҶШС Тоҷикистон (1936–1943) аст. Солҳои 1949–1953 ҷони­шини раиси Кумитаи радиоахбор, 1953–1954 ҷониши­ни сардори Сарраёсати ахбори радио, аз соли 1964 котиби ИК РСФСР. Ба фаъолияти педа­го­гӣ низ машғул шудааст: аз соли 1965 муаллим ва профессор, 1962–71 мудири кафедраи компози­тории Консерваторияи Маскав буд.

Эҷодиёт

вироиш

Яке аз асосгузорони теат­ри мусиқии тоҷик ва муаллифи аввалин операи тоҷик – «Шӯриши Восеъ» (либ­­реттои Абдусалом Деҳотӣ ва Мирзо Турсунзода, 1939) аст. Опе­ра­ҳои ӯ «Коваи оҳан­гар» (ҳам­роҳи Ш. Бобокалонов, 1941), «Бахтиёр ва Ни­со» (1954), драмаи мусиқии «Лола» (ҳам­роҳи С. Ю. Урбах, 1939), балети «Лайлӣ ва Маҷнун» (таҳрири 1 – 1947; Мукофоти давлатии СССР, 1949; таҳри­ри 2 – 1957; таҳрири 3 – 1964; ҳамроҳи К. Голейзовский; Театри Калони СССР) дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба саҳна гузошта шудаанд. Дар мусиқии балет амалиёти зиёд, лирикаи нафис ва самимияти бузург ҳис карда мешавад. Барои балети «Лайлӣ ва Маҷнун» Баласанян бо ҷоизаи давлатии СССР мушарраф гардид (1949). Б. бо истифода аз фолклори мусиқии тоҷикӣ, афғонӣ, арманӣ як қатор асарҳои симфонӣ эҷод кардааст (Сюитаи симфонии «Помир» -1944, «Сюитаи тоҷикӣ» -1948, «Ҳафт суруди арманӣ» -1955, «Сюитаи афғонӣ» -1956). Ин асарҳо аз нигоҳи забони мусиқӣ барҷаста ва аз нигоҳи шакл суфта, маҳорати инструментовкаи оркестри композитор бараъло ба назар мерасад.

Соли 1961 Баласанян балети «Шакунтала»-ро аз рӯи драмаи Калидас (а. V) ба итмом мерасонад ва соли 1970 барои балети «Шакунтала» сазовори ҷоизаи ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру мегардад. Солҳои 70-ум Баласанян дар жанрҳои мусиқии симфонӣ, вокалӣ-симфонӣ ва хор бештар асар офаридааст, ки достони вокалӣ-созии «Аметист» ба шеърҳои Э. Межелайтис ва Р.Тагур барҷаста аст.[3] Ҳамчунин, ӯ муаллифи асарҳо барои орекестри симфонӣ ва яккахон, 4 суита (тоҷикӣ, помирӣ, балетӣ, афғонӣ), 100 такмил барои фортепиано, сурудҳо, романсҳо, муси­қӣ барои спек­таклҳои драмавӣ, кинофилмҳо ва ғ. мебошад. Баласанян аз соли 1965 профессори Консерваторияи давлатии Москва ба номи П. Чайковский буд ва дар тарбияи кадрҳои композиторӣ барои Тоҷикистон саҳми калон гузоштааст. Эҷодиёти Сергей Баласанян хеле пурмазмун буда, аз оҳангҳои фолклории халқҳои Шарқ бой аст. Сергей Баласанян аз зумраи композиторонест, ки зиндагии осуда, дӯстии халқҳо ва сулҳу амниятро ҳаққонӣ ва ибратомез тавсиф намудаанд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Дорандаи Мукофоти ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру (1969). Бо 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва 2 ордени «Нишони Фахрӣ» сарфароз гардидааст.

  1. 1.0 1.1 Армянская советская энциклопедия (арм.) / зери таҳрири Վ. Համբարձումյան, Կ. ԽուդավերդյանՀայկական հանրագիտարան հրատարակչություն, 1974.
  2. 2.0 2.1 Ով ով է. հայեր (арм.) / зери таҳрири Հ. ԱյվազյանԵրևան: Հայկական հանրագիտարան հրատարակչություն, 2005. — Ҷ. 1. — С. 196.
  3. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 49-50 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)

Адабиёт

вироиш
  • Советские компзиторы и музыковеды. Т. 2. М., 1981
  • Ком­позиторы и музыковеды Таджикистана. Д., 2010.
  • Мусиқишиносон ва оҳангсозони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011.

Сарчашма

вироиш