Ҳукматулло Аҳмадов
Ҳукматулло Аҳмадов (Аҳмадов Ҳукматулло Маҳмудович; тав. 1.9.1949, деҳаи Ҳамровиёи ноҳияи Данғара) — хокшинос, доктори илмҳои кишоварзӣ (1997) — академики АИКТ (2009).
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Университети давлатии ба номи М. В. Ломоносови шаҳри Маскав (1973). Дастёр (лаборант)-и калон (1973—1976) — аспирант (1976—1979) — ходими калони илмии Институти хокшиносӣ (1982-87) — ходими калони илмии Пойгоҳи таҷрибавии ҷангалпарварии дар Тоҷикистон будаи Институти тадқиқоти илмии ҷангалпарварии Осиёи Марказӣ (1982-87) — ходими калони илмӣ (1987-89) — мудири шуъбаи фарсоиши (эрозия)-и хок (1989-92) — котиби илмии Институти хокшиносӣ (1992-94) — директори Институти таҳқиқоти илмӣ ва ҷустуҷӯю лоиҳакашии ҷангалпарварии Тоҷикистон (1998—2006) — саркотиби илмӣ (2006—2007) — ноиби президент (2007—2008) ва Президенти АИ Кишоварзии Тоҷикистон (аз 2008). Муаллифи 178 асарҳои илмӣ, аз ҷумла 2 китоб, 170 мақола ва 6 тавсия.
Осор
вироиш- Тавсияҳо доир ба рӯёндани ду ҳосили зироат ва истифодабарии самараноки заминҳои обӣ. Д., 2008.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.