Ҳунари интизоъӣ (англ. abstract art), абстраксионизм — шевае аз баёни таҷассумӣ, ки дар он ҳунарманд бо баҳрагирӣ аз зеҳнияти фардӣ ва иҷтиноб аз бознамоии падидаҳо ва ашколи табиъӣ ва маснуъ осори худро биёфаринад[1].

Абстраксионизм санъати мавҳум, ҷараёни иртиҷоӣ дар рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва графика, ки хилофи реализм аст. Дар як қатор мамлакатҳо охири садаи XIX ва аввали садаи XX ба вуҷуд омад. Абстраксионизмро дар санъати тасвирӣ, «санъати бе ашё», дар кинематография «антифилм», дар адабиёти бадеӣ «антироман» ва ғайра меноманд. Асосгузорони Абстраксионизм санъаткорони голландӣ П. Мондриан, франсавӣ Р. Делоне, испанӣ Ф. Пикабия, рус В. В. Кандинский ва К. С. Малевич буданд. Абстраксионизм чун мафкура зуҳуроти фалсафаи фардӣ, субъективӣ ва таълимоти идеалистии «санъат барои санъат» мебошад. Тарафдорони Абстраксионизм вазифаҳои ҷамъиятии санъатро ба инобат нагирифта, эҳсосоти шахсии рассомро воситаи асосии тасвир ҳисоб мекунанд ва барои «озодии мутлақ» аз воқеият ва ҷамъият мекӯшанд. Ба фикри назариётчиёни Абстраксионизм санъат ҳақиқатро не, балки эҳсосоти субъективии санъаткорро ифода мекунад. Барои ҳамин, онҳо аз тасвири ҳаққонии ҳодиса ва чизҳои объективӣ даст кашида, дар санъати рассомӣ ба воситаи рангу доғҳо ва хатҳои гуногун, дар ҳайкалтарошӣ бо шаклҳои бемазмун, дар мусиқӣ бо садоҳои гӯшхарошу нофаҳмо эҳсосот ва афкори худро ифода мекунанд. Абстраксионизм типикунонии ҳақиқати объективӣ, шаклу анъанаҳои миллӣ ва моҳияти иҷтимоии санъатро рад намуда, диди эстетикиро (зебопарастиро) нодуруст шарҳ медиҳад ва инсонро аз дарки зебоиҳои табиат ва ҳаёти иҷтимоӣ маҳрум месозад. Ҳоло Абстраксионизм дар зери таъсири равияҳои пешқадами санъати тасвирӣ мавқеи худро тадриҷан аз даст медиҳад.

  1. Ҳунари интизоъӣ чист? Маънии ҳунари интизоъӣ(тоҷ.). vazhaju.tj. Вожаҷӯ. 25 ноябри 2021 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш