Ҳусейн Ҷумъаев
Ҳусейн Қобилович Ҷумъаев (тав. 02.10.1947, деҳаи Дар-Дари ноҳияи Айнӣ), физик, номзади илмҳои педагогӣ (1989), дотсент (1991).
Ҳусейн Қобилович Ҷумъаев | |
Таърихи таваллуд | 2 октябр 1947 (77 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Ҷоизаҳо | «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1997) |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1966–1971 дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1978–1989 ҳамчун ассистент, 1989–1991 муаллими калон, 1991–2003 дотсенти кафедраи методикаи таълими физика кор карда, аз соли 2003 то ба имрӯз мудири кафедраи мазкур дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад. Оид ба масъалаҳои таълимию маърифатӣ ва ташаккули фаъолияти мустақилонаи хонандагони мактабҳои миёна корҳои илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 90 номгӯи корҳои илмию методӣ мебошад, ки 20 номгӯи онҳоро воситаҳои таълимию методӣ ташкил медиҳанд. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1997) сарфароз гардидааст.
Осор
вироиш- Дарсҳои физика (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1993;
- Ҳалли масъалаҳо аз физика. Қисмҳои 1-5 (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1998;
- Таҷрибаомӯзии педагогӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2010.
Пайвандҳо
вироишИн мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |