Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ — асоси ҷавобгарии маъмуриро ташкил медиҳад. Ба сифати чунии кирдор ҳаракат ё беҳаракатии зиддиҳуқуқии гунаҳгоронае фаҳмида мешавад, ки ба тартиботи давлатӣ ва ҷамъиятӣ, моликият, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, тартиби муқарраргаштаи идоракунӣ таҷовуз менамояд ва барои он ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гаштааст.

Номгӯи мушаххаси кирдорҳои маъмурй, ки барои содир намудани онҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст, дар Кодекси ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ нишон дода шудаанд.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 520 - 521