Ҳуқуқи байналмилалии бехатарӣ

Ҳуқуқи байналмилалӣ бехатарӣ — аз маҷмӯи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ иборат аст, ки танзимгари муносибатҳои субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар бахши таъмиии сулҳ ва амнияти байналмилалӣ мебошад. Мақсади он дар ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти байналмилалӣ ва бад-ин восита дидани чораҳои таъсирбахши дастаҷамъӣ барои пешгирӣ ва аз байн бурдани таҳдидҳо ба сулҳ ва саркӯбии амалҳои таҷовузкороиа ё дигар амалҳои вайронкунандаи сулҳ ва аз тариқи василаҳои сулҳомез мутобиқи принсипҳои одилона ва ҳуқуқи байналмилалӣ танзим ва ҳал кардани мубоҳисаҳо ва баррасии вазъиятҳои байналмилалӣ, ки мумкин аст боиси халалдор шудани сулҳ гарданд, ифода мегардад.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 521-522