Ҳуқуқи байналмилалии савдо

Ҳуқуқи байналмилалии савдо — аз маҷмӯи меъёрҳои байналмилалӣ ва миллӣ, одатҳои ҳуқуқӣ ва расму одатҳои корӣ иборат буда, муносибатҳои байналмилалии иқтисодиро бо иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ ба танзим медарорад. Ҳуқуқи байналмилалии савдо қисми ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ба ҳисоб рафта, муносибатҳои хусусияти тиҷоратӣ доштаро ба танзим медарорад (ғайр аз муносибатҳои оилавӣ ва меҳнатӣ).[1] Ҳуқуқи байналмилалии савдоро аз ҳуқуқи байналмилалии иқтисодӣ, ки ҳамчун соҳаи мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф мешавад ва муносибатҳои иқтисодии байни давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалиро ба танзим дароварда, принсипҳои умумии ҳамкориҳои иқтисодиро муқаррар мекунад, фарқ бояд кард.[2]

Нигаред низ

вироиш

Ҳуқуқи байналмилалӣ

  1. Who Regulates International Trade?(пайванди дастнорас) 11 июли соли 2023
  2. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 522