Ҳуқуқи кӯдак — навъе аз ҳуқуқи инсон аст, ки нисбат ба кӯдакон истифода мешавад: ҷудо гардидани ҳуқуқи кӯдак ба гурӯҳи алоҳида ба он алоқаманд мебошад, ки аз як тараф кӯдакон (мувофиқи қонунгузории тамоми давлатҳо) дорои тамоми ҳуқуқҳои шахсони болиғ нестанд, аз тарафи дигар, кӯдакон бояд ба ҳуқуқҳои махсус дастрас бошанд, ки бо синну соли онҳо ва вазъияташон дар оила алоқаманд мебошад. Ҳоло санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва миллии махсус, ки ҳуқуқи кӯдакро муайян мекунанд, кор карда шудаанд ва истифода мешаванд.[1]

Нигаред низ

вироиш

Ҳуқуқи оилавӣ

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 525