Ҳуқуқи табий - дар илми ҳуқуқ мафҳуми ҳуқуқи табий мазмуни маҷмӯи усулҳо, қоидаҳо, ҳуқуқ ва арзишҳоеро дорад, ки худи табиати инсонӣ ҳукм кардааст, ва аз ин рӯ, ба эътироф кардан ё накардани ҳукуқи табий аз тарафи давлати мушаххас вобаста нест. Хуқуқи табий ба ҳар кас аз рӯзи таваллуд тааллуқ дорад. Ҳуқуқи табий аз ҳуқуқҳое иборат аст, ки барои ҳифзи ҳаёт, озодӣ, қадру номус, шаъну шарафи инсон ва дигар ҳуқуқҳои фитрӣ, ки ба ҳаёти шахсии ӯ алоқаманд мебошанд, таъмин гардидааст.[1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 529