Ҳуқуқи фитрӣ
Ҳуқуқи фитрӣ — ҳуқуқи ҳамеша ва ҳама ҷо вуҷуд дошта, табиатан ба инсон мутаалиқ аст, ки ифодаи арзишу талаботҳои инсонй буда, ягона маҳаки ҳақиқӣ будани тамоми муқаррароти одамон мебошад. Ҳуқуқи фитрӣ таҷассуми ақидаву талаботҳои хирад, ахлоқ ва адолат аст. Он талаботу ғояҳоеро ифода мекунад, ки аз шароитҳои табиии ҳастиву зиндагии инсон бармеоянд. Талаботҳои ҳуқуқи фитрӣ дар ахлоқ, одатҳо, мафкура инъикос ёфтаанд. Як қисми онҳо дар қонунгузории давлат ифодаи худро ёфтаанд (ҳуқуқҳои фитрии инсон, талаботҳои хирад, бовиҷдонй, адолат ва г.). Ҳуқуқи фитрии муосир инъикоскунандаи арзишҳои пешбарандаи ҷомеаи имрӯзаи башар аст, аз қабили хирад ва озодии инсон, мақоми баланди ӯ дар ҷомеа, ҳуқуқҳои дахлнопазири инсонй. Ҳуқуқи муосири Тоҷикисгон низ аз онҳо бармеоянд, аз ҷумла талаботи ҳуқуқҳои фитрии инсон дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботҳои хирад, бовиҷдонй ва адолат дар Кодекси граждании ҶТ мустаҳкам гаштаанд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 530