Ҳуқуқи хок
Ҳуқуқи хок - яке аз усулҳои соҳиб шудан ба шаҳрвандӣ аз рӯи асоси таваллудшавӣ мебошад. Тибқи ин усул кӯдаконе, ки дар каламрави Тоҷикистон таваллуд мешаванд, сарфи назар аз шаҳрвандии волидайнашон шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Дар мавриди гуногун будани шаҳрвандии волидайн, агар яке аз онҳо дар лаҳзаи тавлиди кӯдак дар шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошаду кӯдак дар қаламрави ҷумҳурӣ ба дунё ояд ва волидайнаш ё яке аз онҳо дар Тоҷикистон иқомати доимӣ дошта бошанд, вай шаҳрванди Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад. Мувофиқи қонун фарзанди аз шахсони бешаҳрвандӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавлидёфта шаҳрванди Тоҷикистон ҳисоб меёбад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 530