Ҳуқуқи хун - яке аз усулҳои соҳиб шудан ба шаҳрвандӣ аз рӯи асоси таваллудшавӣ мебошад. Мувофиқи усули хун кӯдаке, ки волидайнаш то рӯзи таваллуди ӯ дар шаҳрвандии Тоҷикистон қарор доштанд, сарфи назар аз макони таваллудаш шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Инчунин кӯдаке, ки яке аз волидайнаш то лаҳзаи тавлиди ӯ шаҳрванди Тоҷикистон буда, волиди дигараш шахси бешаҳрванд ва ё номаълум бошад, новобаста аз макони таваллуд шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида мешавад. Дар мавриди муқаррар кардани падари кӯдаке, ки модараш шахси бешаҳрванд буда, падараш шаҳрванди Тоҷикистон дониста мешавад, агар синнаш ба 14-солагӣ нарасида бошад, сарфи назар аз макони таваллудаш шаҳрванди Тоҷикистон мегардад.[1]

Нигаред низ

вироиш

Ҳуқуқи хок

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 530