Ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ

Ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ - дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ мавқеи махсус доранд. Нисбат ба гурӯҳҳои дигари ҳуқуқу озодиҳо, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ асосан барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ таъйин гардидаанд. Барои субъекти аксари ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ гардидан тааллуқ доштан ба шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз омилҳои асосӣ мебошад. Масалан, аз панҷ моддаи Конститутсия, ки ҳуқуқу озодиҳои сиёсиро муқаррар менамоянд, фақат яке аз онҳо (м.ЗО) барои шахс таъйин гардидааст. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки ин гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳои асосӣ бо сохтори давлатӣ, ташкили мақомоти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии инсон, моҳияти идораи давлатӣ ва сохтори ҷомеа алоқаманд аст. Ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрванд ҳамчун ҳуқуқу озодиҳои фардӣ қисми таркибии вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд мебошад. Хусусияти хоси давлати демократӣ муқаррар кардани низоми ҳуқуқу озодиҳои сиёсие мебошад, ки инггироки шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ва давлат таъмин менамояд.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 534