Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд
Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд — барои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ воситаи худифодакунӣ ва ошкор намудани лаёқат, таъмини шаъну шараф, ки барои шахсияти озод ҳос аст, воситаи амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои инкорнашавандаи ӯ дар идораи ҷомеа, таъмини шароити зарурии нқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҳаётан муҳими моддию маънавӣ мебошанд.
Боби 2 Конститутсия, ки ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, аз 33 модда иборат буда, аксари онҳо оид ба ҳуқуқу озодиҳои муайян меъёр муқаррар намудаанд. Онҳо на аз маҷмӯи одӣ, балки аз низоми мураккабе иборатанд, ки асоси мантиқй ва мазмуну таъиноти махсус доранд. Ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро тибқи Конститутсия ба тариқи зайл тасниф кардан мумкин аст:
- ҳуқуқу озодиҳои фардӣ;
- ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ;
- ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоию иқтисодӣ;
- вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд;
- ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд дар вазъияти фавқулодда;
- кафолати хуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд.
Ҳамин тариқ, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд муносибату алоқаҳои муҳимтарини байни шаҳрвандро бо давлат инъикос намуда, мавқеи шахсро дар ҷомеа муайян менамоянд.[1]
Пайвандҳо
вироиш- Ташкилотҳои давлатӣ ва байнидавлатӣ:
- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 6 октябри 2016 сол.,
- Права человека в Таджикистане на портале УВКПЧ ООН(англ.)
- Доклад о ситуации с правами человека в Таджикистане (2010) Бойгонӣ шудааст 26 ноябри 2011 сол. Государственный департамент США
- Документы БДИПЧ ОБСЕ и СНГ о выборах в Таджикистане
- Интервью омбудсмена З. Ализоды(пайванди дастнорас) 2010(англ.)
- Ташкилотҳои ғайридавлатӣ
- Раздел о Таджикистане доклада «Международной амнистии» за 2011 год
- Бюро по правам человека и соблюдению законности Бойгонӣ шудааст 15 марти 2012 сол.
- Таджикистан на портале «Human Rights Watch»(рус.)
- Разделы о Таджикистане доклада ХРВ за 2009(пайванди дастнорас)(англ.), 2010 и 2011 Бойгонӣ шудааст 3 апрели 2015 сол. годы
- Таджикистан на портале «Права Человека в Центральной Азии» Бойгонӣ шудааст 5 марти 2012 сол.
- Официальный сайт Уполномоченного по правам человека в Республике Таджикистан Бойгонӣ шудааст 6 ноябри 2016 сол.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 534