ҶДММ «Артел Авесто Электроникс»

Корхонаи мушатраки «Артел Авесто Электроникс» ё СП ООО «Artel Avesto Electronics» — корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шакли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд. Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти маишии «Артел Авесто Электроникс» феврали соли 2019 дар шаҳри Душанбе барои истифода қарор гирифтааст. Коргоҳҳои истеҳсолии корхонаи муштараки нав дар кӯчаи Ҳувайдуллоев, дар соҳили дарёи Душанбе, наздикии Маркази савдои “Ёвар” шаҳри Душанбе бунёд шудаанд.

Таърихи ифтитоҳи корхона

вироиш

Ширкат моҳи феврали соли 2019 бо иштироки баробари ҳиссаи ҶДММ «Avesto Group» (Тоҷикистон) ва ҶДММ «Artelggineering And Management» (Ӯзбекистон) дар асоси созишномаи Сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ «Avesto Group» ва ҶДММ «Artelggineering And Management» дар бораи сохтмон ва истифодаи корхона оид ба истеҳсоли техникаи маишӣ «Артели Авесто Электроникс» дар шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст.[1] Қобили зикр аст, ки маҳсулоти Artel дар бозори Тоҷикистон аллакай муаррифӣ шуда, ба аҳолии кишвар писанд омад. Корхонаи “Artel” соли 2011 таъсис ёфта, барои эҳтиёҷоти хоҷагии халқи Ӯзбекистон таҷҳизоти маишии барқӣ истеҳсол мекунад. Номгӯйи маҳсулоти корхона 500 адад, иқтидори солонаи истеҳсолот – беш аз 5 млн. адад таҷҳизоти маишӣ ва 10 млн. адад чароғҳои каммасрафи барқиро ташкил медиҳад.

Дар ҷаласаи шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон, ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» ва ҶДММ «Artelggineering And Management»-и Ӯзбекистон оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти маишии «Артел Авесто Электроникс» дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Корхонаи муштараки нав ба сармоягузории умумии 10 млн. доллари ИМА сохта шуда, барои бунёд ва муҷаҳҳаз гардонидани он ҳар кадоме аз тарафҳо 5 млн. долларӣ ҷудо кардаанд. Нахуст дар остонаи ҷашни Наврӯз корхона ба истеҳсоли чангкашак ва обгармкунак, сипас то охири сол ба истеҳсоли телевизор ва мошини либосшӯйӣ оғоз мекунад. “Ориён Инвест” ва “Узагротехсаноатхолдинг” трактор истеҳсол мекунанд. [2]

Нигаред низ

вироиш
  1. www.asiaplustj.info/. Artel. Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли техникаи маишӣ чӣ тавр фаъолият мекунад?(тоҷ.) (6 сентябри 2024). 9 Декабри 2024 санҷида шуд.
  2. www.asiaplustj.info/. Artel. Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли техникаи маишӣ чӣ тавр фаъолият мекунад?(тоҷ.) (6 сентябри 2024). 9 Декабри 2024 санҷида шуд.