ҶДММ «Меваҳои ҳазорчашма»
ҶДММ «Меваҳои ҳазорчашма» — коргоҳи коркард, банду басти хуч ва намудҳои пину (қурут) дар ноҳияи Деваштич воқеъ аст.
Таърихи ифтитоҳи коргоҳ
вироишКоргоҳи коркард ва банду басти ҶДММ «Меваҳои ҳазорчашма» 14 ноябри соли 2022 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич ба истифода дода шудааст.[1].
Иншоот дар масоҳати 432 метри мураббаъ ҷой гирифта, бо баҳрабардории коргоҳ 10 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як рӯз то ҳазор дона маҳсулоти коркардшудаи хуч дар зарфҳои шишагӣ мебошад ва иқтидори солонаи он то 36 ҳазор дона маҳсулоти тайёр баробар карда мешавад. Дар хати таҷҳизот ҳама талаботи технологии сара кардан, шустан, коркард дар ҳарорати меъёрӣ, резиш, тамғазанӣ, банду баст иҷро ва ба ин васила маҳсулоти пурра табиӣ истеҳсол мегардад. Васлу насби маҷмӯи таҷҳизоти технологии коркард, банду басти меваи хуч - имконияти дар маҳалли истеҳсол наздик ба роҳ мондани коркард ва банду басти ин меваи табииву шифобахши Тоҷикистон мебошад.
Коргоҳи коркард, банду басти ҶДММ «Меваҳои ҳазорчашма» бо саҳми соҳибкори тоҷикистонӣ Наим Худойбердиев дар заминаи иншооти мавҷуда пурра таҷдиду навсозӣ ва муҷаҳҳаз гардонида шуд.[2].
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ www.asiaplus.tj. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркард ва банду басти ҶДММ «Меваҳои ҳазорчашма»-ро дар ноҳияи Деваштич ба истифода доданд.(тоҷ.) (14 ноябри 2022). 22 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 ноябри 2022.
- ↑ www.asiaplus.tj. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркард ва банду басти ҶДММ «Меваҳои ҳазорчашма»-ро дар ноҳияи Деваштич ба истифода доданд.(тоҷ.) (14 ноябри 2022). 22 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 ноябри 2022.