ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент»

Корхонаи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» — дар ноҳияи Ғафурови вилояти Суғд таъсис ёфтааст.

Таърихи ифтитоҳи корхона

вироиш

Cохтмони корхона аз ҷониби ширкати ватании «Ғаюрсемент» дар якҷоягӣ бо шарикони чинӣ - Ширкати «Хуаксин семент» соли 2014 оғоз ёфта буд ва дар масоҳати 48 гектар замини бекорхобида бо харҷи зиёда аз як миллиард сомонӣ бунёд гардидааст. Иқтидори лоиҳавии корхона дар як шабонарӯз 3300 тонна ва дар як сол беш аз 1 миллион тонна семент буда, дар он беш аз 1300 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Беш аз 90 фоизи коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки маоши онҳо аз 1500 то 12000 сомониро ташкил медиҳад. Дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии корхона 1400 нафар бинокор ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок намудаанд, ки аксари онҳо сокинони маҳаллӣ буданд. Бо мақсади таъмини муътадили фаъолияти корхонаи сементбарорӣ нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ бо иқтидори 25 мегаватт дар як соат бунёд карда шудааст. Корхонаи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» бо технологияи муосири ҷаҳонӣ сохта шуда, маҳсулоташ бепартов ва аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошад. Навъи сементи корхона М400, М500 ва М600 буда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва дар бозори аврупоӣ маъмулу рақобатпазир мебошад. Корхона ҳамасола ба давлати Тоҷикистон беш аз 145 миллион сомонӣ андоз хоҳад супорид [1][2]

Бояд дар назар дошт, ки соли 2013 дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли сементи «Хуаксин Ғаюр семент» бо иқтидори 1 млн. тонна семент дар як сол ба истифода дода шуда, ки дар муддати як сол бо сармоягузории соҳибкорони ватанӣ (25%) ва сармояи хусусии Чин (75%) сохта шуда буд.[3]

Фаъолияти босамар

вироиш

Давоми 10 сол инҷониб ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Семент” зиёда аз 1 млн тонна сементи М400 ва М500 истеҳсол карда, ба яке аз се корхонаи бузурги сементбарорӣ дар кишвар табдил ёфт. Имрӯз маҳсулоти ин корхона дар баробари бозори дохила инчунин ба хориҷ низ содир мешавад.[4]

Нигаред низ

вироиш