ҶДММ Корхонаи инноватсионии "САМО"
ҶДММ Корхонаи инноватсионии "САМО"— дар шаҳри Хуҷанд вилояти Суғд вокеъ аст.
Таърихи ифтитоҳи коргоҳҳо
вироишСамти асосии фаъолияти корхонаи инноватсионии "САМО" истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти гуногуни барқӣ буда, дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуманон Тошхӯҷаев бунёд карда шудааст. Дар ин иншооти нави саноатӣ дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд, ки маоши онҳо аз 2 то 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар корхонаи инноватсионии "САМО" наздик ба 60 номгӯи таҷҳизоти барқӣ, аз ҷумла лампаҳои каммасрафи диодӣ, прожекторҳои диодӣ, сутунпояҳо, таҷҳизоти таъминкунандаи қувваи муайяни барқ, камераҳо назоратӣ, радио бо дизайни миллӣ ва дигар намуди маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 10 ҳазор дона таҷҳизоти гуногуни барқӣ буда, раванди фаъолият бо риоя аз талаботи стандартҳои байналмилалӣ сурат мегирад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ www.president.tj. Ифтитоҳи ҶДММ Корхонаи инноватсионии "САМО" дар шаҳри Хуҷанд(тоҷ.) (9 сентябри 2024). 4 октябри 2024 санҷида шуд.