ҶСК «Азот»
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» — собиқ Заводи нуриҳои азотии Вахш, нахустин корхонаи бузурги кимиёвии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 1967 бо ду хати технологии истеҳсоли аммиак ва карбамид бо иқтидори умумии 180 ҳазор тонна ба фаъолият оғоз карда буд. Дар коргоҳҳои он беш аз 1200 нафар кор мекард.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» карбамид, аммиак, дуоксиди карбон, оксигени газӣ ва нитрогени моеъ истеҳсол мекунад. Карбамид дар хоҷагии халқ, аммиак барои истеҳсолот, дуоксиди карбон дар саноати сабуки хӯрокворӣ ва эҳтиёҷоти технологии корхона, инчунин оксигени газӣ барои тиб, кафшери газӣ ва нитрогени моеъ бошад, дар хоҷагиҳои чорвопарварӣ истифода бурда мешавад. Дар корхона ба ғайр аз истеҳсоли аммиак, карбамид, буғу обтаъминкунӣ боз коргоҳҳои ёрирасони таъмири механикӣ, таъмири таҷҳизоти барқӣ, барқтаъминкунӣ, асбобҳои назоратию ченкунанда ва автоматика, нақлиётӣ, сохтмону таъмирӣ, шуъбаи марказонидашудаи назорати техникӣ ва ташхисгоҳи санитарӣ мавҷуд аст. Маҳсулоти корхона ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Эрон, Туркманистон, Украина, Маҷористон, Лаҳистон, Словакия ва Руминия низ содир шудааст.
3 сентябри соли 2016 бо дастгирии бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Хэнан Чжун-Я гурӯҳи холдингӣ» - и Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи сармоягузорӣ «Оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ба имзо расонда шуд.
Барои таҷдиди дастгоҳу таҷҳизоти технологӣ ҷиҳати ба фаъолият даровардани онҳо бо истифода аз ангишт ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсоли аммиак ва карбамид 360 миллион доллар ҷудо мешавад. Лоиҳаи таҷдиди корхона ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ дар ду марҳала анҷом меёбад. Марҳалаи якум лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиаки сунъӣ ва карбамид бо иқтидори умумии 320 ҳазор тонна дар 1 сол. Корхона дар масоҳати 6 гектар замин ҷойгир буда, сарфи солонаи ангишт барои истеҳсолот 200 ҳазор тонна мебошад. Муҳлати татбиқи лоиҳа якуним солро ташкил медод. Марҳилаи дуюми лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиаки сунъӣ ва карбамид бо иқтидори умумии истеҳсолии 500 ҳазор тонна дар 1 сол буда, он дар масоҳати 45 гектар замин бунёд мегардад. Маблағ барои сохтмони марҳалаи дуюми корхона 325 миллион долларро ташкил дода, сарфи солонаи ангишт 500 ҳазор тонна дар як сол мебошад. Муҳлати татбиқи лоиҳа 3 солро дар бар мегирад.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=26926 Марҳалаи дуюми таҷдиду навсозии «Азот» оғоз ёфт