ҶСП "Фридом Бонк Тоҷикистон"
ҶСП "Фридом Бонк Тоҷикистон" — Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Фридом Бонк Тоҷикистон" соли 2024 дар ш. Душанбе ба фаъолият шурӯъ намудааст.
ҶСП "Фридом Бонк Тоҷикистон" | |
Шакл | Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида |
Соли таъсис | 2024 |
Макон | Тоҷикистон: Душанбе хиёбони Рудаки 81B |
Афроди калидӣ | Нисинбаев Даурен Ертаевич(Раиси Раёсат) |
Ҷамъияти асосӣ | бонки “Фридом Бонк Қазоқистон” |
Вебгоҳ | freedombank.tj |
Бонки миллии Тоҷикистон ба ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома додааст. Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Нисинбаев Даурен Ертаевич, иҷрокунандаи вазифаи раиси Раёсати ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон“ мулоқот карда, ба ӯ дастуру тавсияҳо додааст. “Дар маросими супоридани иҷозатнома ҷиҳати васеъ намудани шабакаи фаъолияти бонк, ҷалби амонат ва пасандозҳо, додани қарзҳо, кушодани воҳидҳои сохторӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, зиёд намудани хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои рақамӣ дастуру тавсияҳо дода шуд”
ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон” бонки фаръии “Фридом Бонк Қазоқистон” мебошад. Бино ба маълумоти Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон, то 1 декабри соли 2023, “Фридом Бонк Қазоқистон” аз рӯи дороиҳо дар бозори миёнаравии молиявии Қазоқистон мақоми 8-умро ишғол мекард.
Моҳи августи соли ҷорӣ, узви Шӯрои директорони ҶСК “Фридом Бонк Қазоқистон” гуфта буд, дар назар аст, ки дар бонки мазкур дар Тоҷикистон як маркази IT-хаб таъсис дода шавад.[1]
Пайвандҳо
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ www.asiaplustj.info. Дар Тоҷикистон боз як бонки нав - “Фридом Бонк Тоҷикистон” иҷозаи фаъолият дарёфт кард(тоҷ.) (17 октябри 2024). 10 Декабри 2024 санҷида шуд.