Ҷалолуддини Давонӣ
Аллома Ҷалолуддин Муҳаммади Давонӣ (форсӣ: علامه جلالالدین محمد دوانی), машҳур ба Муҳаққиқ (форсӣ: محقق 1426[1], Давон[d], устони Форс — 12 октябр 1502, Давон[d], устони Форс) — мутакаллим, ориф, сӯфӣ, файласуф, ҳаким ва донишманди форс-тоҷик.
Ҷалолуддини Давонӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | шоир, файласуф, ориф, қозӣ |
Таърихи таваллуд: | 1426[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 12 октябр 1502 |
Маҳалли даргузашт: | |
Маҳалли дафн: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | суннӣ ва ашъарӣ[3] |
Самти фаъолият: | фалсафа |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор |
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишТаҳсили ибтидоиро дар назди падараш Саъдуддини Асъади Давонии Козарунӣ – яке аз донишмандони шинохтаи замон дар улуми ҳадис ва тафсир касб намуд. Барои такмили дониш ба Шероз рафта, фалсафа, риёзиёт, мантиқ, ҳадису тафсир, фиқҳу калом ва шеъру ҳикмат омӯхт ва яке аз донишмандону устодони машҳури ин илмҳо гардид. Сипас ба тадриси шогирдон пардохт, то ҳадде ки аз тамоми қаламрави Аҷаму Араб ва Рум донишпажӯҳон ба дарси ӯ мешитофтанд. Ҷалолуддини Давонӣ дар ҷавонӣ вориди сиёсат шуда, ба мансаби вазирӣ расид. Ба шаҳрҳои Табрез, Гелон, Кошон ва кишварҳои Ироқ ва Ҳинд сафар кард. Султон Яъқуб, ки дар Ироқу Форс ва Озарбойҷону Кирмон салтанат меронд, Ҷалолуддини Давониро қозиюлқузоти Форс таъйин намуд.
Таълифот
вироишҶалолуддини Давонӣ бо амирони зиёде муносибати хуб дошт ва барои онҳо китобу номаҳо таълиф намудааст (мас., барои Султон Боязиди Усмонӣ китоби «Исботу-л-воҷиби-л-қадим», ба ҳокими Ҳиндустон Султон Маҳмуди Гуҷаротӣ (набераи Темури Ланг) китоби «Анмузаҷу-л-улум» ва рисолаи «Таҳқиқ дар адолат», барои ҳокими Форс Султон Халили Оққуюнлу китоби «Лавомеъу-л-ишроқ»-ро навишт). Пас аз муддате аз сиёсат канор гирифта, ба тадрис машғул гашт. Ҷалолуддини Давонӣ ба «Ҳаёкилу-н-нур»-и Шиҳобуддини Суҳравардӣ шарҳ навишт; нуқоти фалсафӣ, ирфонӣ ва каломиро дар қолаби 52 рубоӣ дар китоби «Шарҳу-р-рубоиёт» дарҷ кард. Дар илмҳои мухталифи ақлӣ ва нақлӣ (тафсир, фалсафа, калом, мантиқ, фиқҳ, усул, ҳадис, ҳайат, ҳандаса, риёзӣ, ахлоқ, адабиёти форсӣ ва улуми ғариба) беш аз 90 китоб навиштааст. Машҳуртарин асари Ҷалолуддини Давонӣ «Ахлоқи Ҷалолӣ» аст.
Ҷалолуддини Давонӣ дар калом пайрави ашоираи мутааххир, бахусус мутаассир аз андешаҳои Мирсайид Шарифи Ҷурҷонӣ буд. Яке аз муҳимтарин андешаҳои Ҷалолуддини Давонӣ дар бораи «вуҷуд» ва «мавҷуд» аст, ки бо ин ду мафҳум масъалаи ваҳдат ва касрат дар оламро тавзеҳ додааст. Ба андешаи ӯ, вуҷуд танҳо ба Худованд тааллуқ дорад, зеро вуҷуди Ӯ айни моҳияти Ӯст (нигар Воҷибулвуҷуд). Мосиво (мумкинот) ба маънои ҳақиқӣ вуҷуд надоранд, зеро вуҷуди онҳо ориз бар моҳияти онҳост. Ба ҳамин ҷиҳат танҳо метавон онҳоро «мавҷуд» номид ва ин мавҷудият сирфан бар нисбате далолат мекунад, ки онҳо бо «вуҷуд» доранд. Ин назари Ҷалолуддини Давонӣ кӯшиши созгор кардани мафҳуми вуҷуд мутобиқи ирфони Ибни Арабӣ бо низоми фалсафии Ибни Сино дониста мешавад. Ҷалолуддини Давонӣ аз нахустин шореҳони ашъори Ҳофиз аст. Ӯ се ғазали Ҳофизро дар рисолаҳои ҷудогона шарҳ додааст. Тақризе низ бар кулли ашъори Ҳофиз дорад.
Намунаҳо аз рубоиёти фалсафии Давонӣ:
Эй дар қидаму ҳудуси олам ҳайрон,
Пайваста миёни ину он саргардон,
Рамзе бишунав: ба туст қоим ду ҷаҳон,
Пеш аз туву баъд аз ту на ин асту на он!
Он шӯх, ки нури чашми торики ман аст,
Ҳиҷрону висоли ӯ баду неки ман аст.
Дар чашм асту ғоиб аз чашми ман аст,
Ман дурам аз ӯ, зи баски наздики ман аст.
Дар яке аз кӯҳҳои деҳаи Давон ғоре мавҷуд аст, ки дар он Ҷалолуддини Давонӣ дар ҷавонӣ мутолиа, хилват ва ибодат мекард. Ғори мазкур имрӯз бо номи ӯ – «Мулло Ҷалол» машҳур аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Routledge Encyclopedia of Philosophy (ингл.) / E. Craig — Routledge, 1998.
- ↑ https://iranarchpedia.ir/entry/16949
- ↑ https://books.google.fr/books?id=KjYkDQAAQBAJ&pg=PT188 — С. 188.
Адабиёт
вироиш- Давонӣ / У. Камолов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.