Деҳоти Ҳайдар Усмонов

(Тағйири масир аз Ҷамоати Ҳайдар Усмонов)

Ҷамоати Ҳайдар Усмоновҷамоатест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон.

ҷамоат
Деҳоти Ҳайдар Усмонов
Ҳайдар Усмонов
Нишон
Нишон
Кишвар  [[|]]
Тобеъи Ноҳияи Ғафуров
Шомили 5 деҳа
Маркази маъмурӣ Рӯмон
Таърих ва ҷуғрофиё
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 TJ.SU.
Коди телефон +992 3135
Нишонаи почта 735610
Домени интернет tj
Коди мошинҳо 02 TJ
Деҳоти Ҳайдар Усмонов дар харита

Сохтори маъмурию ҳудудии ҷамоат вироиш

Ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов соли 1969 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Масоҳати умумии ҷамоат 685 гектар мебошад. Шумораи аҳоли ба 01.01.2013 – 37458 нафар буда, 6152 хоҷагиро дар бар мегирад. Дар ҳудуди ҷамоат 2 адад корхонаи саноатӣ, 6 адад мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 1 адад мактаби асосӣ, 1 адад мактаб-гимназияи «Нур», 1 адад кӯдакистон, 1 беморхона, 3 маркази саломатӣ, 6 адад хонаи саломатӣ, 40 адад марказҳои хидматрасонӣ ва нуқтаҳои савдо, 2 клуб ба мардуми ҷамоат хидмат мерасонад.Номи Ҳ.Усмонов ба ифтихори иштирокчии мубориза барои барпо кардани Ҳокимияти советӣ дар шимоли Тоҷикистон гузошта шудааст. Деҳаҳои Рӯмон, Шайхбурҳон, Пуличуқур, Қулангир, Ҷӯи Қозӣ ва минтақаи А.Зиёевро дар бар мегирад. Дар деҳаи Кулангир дар қисми шарқии ҷамоат ҷойгир буда, равоят аст, ки замоне бошишгоҳи кулангҳо будааст. Шаҳриён фурсати фароғат омада, мурғони дилпазирро шикор мекардаанд. Шуғли асосии деҳа деҳқонӣ мебошад. Деҳаи Шайхбурҳон дар канори деҳа мазори рамзии Барҳонидани Қилич ҷойгир аст, ки номи деҳа нигаҳдори номи ин шахс мебошад. Мардуми деҳа асосан ба соҳибкорӣ шуғл меварзанд. Деҳаи Пуличуқур маънои пулест, ки дар чуқурӣ ҷойгир мебошад. Мардуми деҳа бо соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ машғул мебошанд. Деҳаи Рӯмон дар ақидаҳо омадааст, ки аз калимаи арабии «Руммон» буда, маънояш анорзор мебошад.[1]

Шароитҳои табиию иқлимӣ ва захираҳо вироиш

Мардум вироиш

Сол 2015
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
37

Деҳоти ҷамоат вироиш

Ҷамоати Ҳайдар Усмонов
Деҳа Аҳолӣ
Рӯмон
Кӯйи Қозӣ
Қулангир
Пуличуқур
Шайхбурҳон

[2]

Эзоҳ вироиш

  1. Ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов. 30 Январ 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 апрели 2017.
  2. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.