Ҷамъияти вобаста
Ҷамъияти вобаста — ҷамъияти хоҷагие вобаста эътироф карда мешавад, ки ҷамъияти дигар (бартаридошта) бештар аз 20 фоизи саҳмияҳои овоздори ҷамъияти саҳҳомӣ ё 20 фоизи сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро соҳиб бошад. Ин гуна ҷамъият дар ин хусус бояд бетаъхир маълумот нашр намояд. Ҳадди иштироки мутақобилаи ҷамъиятҳои хоҷагй дар сармояи оинномавии якдигар ва миқдори овозе, ки яке аз чунин ҷамъиятҳо дар маҷлиси умумии иштирокчиён ё саҳмдорони ҷамъияти дигар истифода карда метавонад, тибқи қонун муайян карда мешавад ( м. 117 КГ).[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 551
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |