Ҷанги таҷовузкорона
Ҷанги таҷовузкорона — навъи ҷанг ва ҷинояти байналмилалӣ буда, ба гурӯҳи ҷиноятҳо ба муқобили сулҳу амнияти инсоният дохил мешавад. Мувофиқи м. 1 Замима ба қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 14 декабри соли 1974 ҷанг дар ҳолатҳои иетифодаи қувваҳои мусаллаҳи давлат ба муқобили соҳибихтиёрӣ, дахлнопазирии ҳудудӣ ё мустақилияти сиёсии давлати дигар ё бо ягон тарзи дигар халалдор сохтани онҳо, ки бо оинномаи СММ мутобиқат намекунад, таҷовузкорона эътироф мешавад.
Ҷанги таҷовузкорона мувофиқи м.5 банди 2 қатъномаи дар боло номбаршуда ҷиноят ба муқобили сулҳи байналмилалӣ эътироф мешавад. Бинобар ин дар КҶ ҶТ низ он дар қатори ҷиноятҳо ба муқобили сулҳу амнияти инсоният ҷой гирифтааст. КҶ ҶТ ҷавобгарии ҷиноятиро барои ба нақша гирифтан, тайёр кардан, оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона (м.395), инчунин барои даъвати оммавӣ барои сар кардани ҷанги таҷовузкорона (м.396) пешбинй мекунад. Ба нақша гирифтани ҷанги таҷовузкорона, яъне аз тартиб додани нақшаву лоиҳаи сафарбарнамоӣ ва ташкиливу техникӣ, ба ҳисоб гирифтани талабот ба одамон, захираҳои моддиву техникӣ ва захираҳои дигар, ки барои пешбурди ҷанг кофиавд, ба амал баровардани амалиётҳои алоҳидаи ҷангӣ ва ғ. иборат аст.
Тайёр кардани ҷанги таҷовузкорона аз татбиқи чораҳои хусусияти ташкиливу ҳарбӣ ва моддиву техникӣ дошта бо мақсади таъмини тайёрӣ ба оғоз намудани ҷанги таҷовузкорона иборат мебошад. Ба ҳаракатҳои тайёрй барои бурдани ҷанг дохил мешаваид; ҷойгир намудани воҳидҳои ҳарбй дар ноҳия ё минтақаи гузаронидани амалиётҳои ҳарбӣ, ба истеҳсоли ҳарбии хусусияти ҳуҷумкунанда дошта ҷалб намудани корхонаву ташкилотҳои дахлдор, пурзӯр намудани фаъолияти ҷосусӣ нисбати тарафи муқобил, гузаронидани машқҳои ҳарбии ба шароити ҷангӣ наздик ва ғ.
Оғоз кардани ҷанги таҷовузкорона ба таври воқеӣ сар кардани ҷанг аст, ки он мумкин аст дар шаклҳои гуногун зоҳир шавад. Масалан, дар шаклҳои ҳуҷум намудани қувваҳои мусаллаҳи як ё якчанд давлат ба ҳудуди давлати дигар; бомбаборон намудани ҳудуди давлати дигар ва ғ.
Зери мафҳуми пешбурди ҷанги таҷовузкорона муқобили давлати дигар бо истифода аз яроқ давом додани амалиёти ҳарбӣ фаҳмида мешавад. Ҷиноят танҳо бо қасди бевосита содир мешавад. Субъекти ҷинояти мазкур шахсони мансаби давлатиро ишғолкунандае шуда метавонанд, ки ваколати ба нақша гирифтан ва ҳал намудани масъалаҳои хусусияти ҳарбӣ доштаро доро мебошанд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 553-554
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |