Ҷанги шаҳрвандии Русия

Ҷанги шаҳрвандии Русия (русӣ: Гражданская война в России; 7 ноябри 1917— 25 октябри 1922 / 16 июли 1923) — як силсила задухӯрдҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ, этникӣ, иҷтимоӣ ва сохторҳои давлатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Русия, пас аз таъсиси ҳукумати болшевикон дар ш. Петроград ва Москва дар октябри соли 1917.

Ҷанги шаҳрвандии Русия
Нигора
Кишвар
Макони кунунӣ
Замони оғоз 7 ноябр 1917
Замони поён 25 октябр 1922
Бо ҳузури ҶШФСР[d], White movement[d], Владимир Ленин, Лев Тротский, Иосиф Виссарионович Сталин, Артиши Сурх ва Австралия
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷанги шаҳрвандӣ натиҷаи бӯҳрони инқилобие буд, ки дар аввали асри 20 дар империяи Русия , ки бо инқилоби солҳои 1905-1907 оғоз шуда, дар давраи Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ шиддат гирифт ва боиси суқути монархия, вайроншавӣ, тақсимоти амиқи иҷтимоӣ, миллӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва идеологии ҷомеаи Русия гардид. Апогеи ин тақсимот [1] ҷанги шадид дар миқёси миллӣ байни қувваҳои мусаллаҳи режими шӯравӣ, ҳаракати сафедҳо (Белое движение) ва ҳаракатҳои миллӣ барои истиқлолият бо иштироки Қувваҳои марказӣ ва Антанта буд.

Ҷанги шаҳрвандӣ бо барқарор намудани ҳокимияти Советӣ дар қисми зиёди қаламрави собиқ империяи Россия, аз тарафи Хукумати Советй ба расмият шинохтани истиклолияти Финляндия, Лаҳистон, Эстония, Латвия, Литва, инчунин барпо намудани Ҷумҳуриҳои Шӯравии Русия, Украина, Белорус ва Закавказие ба анҷом расид, ки 30 декабри соли 1922 дар бораи ташкил ёфтани СССР созишнома ба имзо расониданд. Тибқи ҳисобҳои гуногун, аз 10 то 17 миллион нафар фавтиданд; дар натиҷаи ҷанг қариб 2 миллион нафар мамлакатро тарк карданд[2].

  1. Данилин А. Б., Евсеева Е. Н., Карпенко С. В. Гражданская война в России (1917—1922) // Новый исторический вестник : Журнал. — М.: Издательство Ипполитова, 2000. — № 1. — ISSN 2072-9286.
  2. «Гражданская война в России» в БРЭ. 28 октябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 марти 2021.

Пайвандҳои берунӣ

вироиш