Ҷангӣ Назаров
Ҷангӣ Назаров (зод. 11 июни 1943, деҳаи Миракон, ноҳияи Кӯлоб) — физикдони тоҷик, номзади илмҳои техникӣ (1974).
Таърихи таваллуд | 11 июн 1943 (81 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои техникӣ[d] (1974) |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1960—1965 донишҷӯи факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1967—1971 ассистенти кафедраи физикаи умумии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1971—1974 аспиранти Академияи ҳарбии муҳофизати химиявии ба номи С. К. Тимошенкои ш. Москва буд. Соли 1974 ба Донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлоб ба кор рафта, чандин сол ба ҳайси мудири кафедраи физика ва декани факултети физикаи донишкадаи мазкур фаъолият дошт. Оид ба хосиятҳои электрикии полимерҳо корҳои илмию тадқиқотӣ бурдааст.