Ҷаноби Бин (қаҳрамон)

қаҳрамон

Ҷаноби Бин («Мистер» — номи қаҳрамон ва «Бин» насаб аст. Ҷаноби Бин — номи пурраи персонаж, ки дар шиносномаи ӯ сабт шудааст[1] ;англ. Mr Bean Ҷаноби Бин ; тав. 15 сентябри соли 1963) як қаҳрамони мазҳакавӣ мебошад, ки онро ҳунарманди машҳур Рован Аткинсон дар силсилафилми телевизионии ҳамном ва дар чанд филми дигар офаридааст. Ҷаноби Бин инчунин қаҳрамони як қатор бозиҳои видеоӣ, веб- филмҳо ва видеоҳои таблиғотӣ мебошад. Вай бо либоси тақрибан тағирнашавандааш шинохта мешавад — ҷома (костюм)-и қаҳварангу галстуки сурхи борик. Ҷаноби Бин тақрибан дар саҳнаҳо гап намезанад, ҳазлҳо дар атрофи персонаж ва муносибати ӯ бо муҳити атроф асос ёфтааст[2] .

Ҷаноби Бин (қаҳрамон)
Вселенная Mr. Bean universe[d]
Создатель Рован Аткинсон
Исполнение Рован Аткинсон
Информация
Пол мард

Шахсият вироиш

Ҷаноби Бин як одами соддаи ноуҳдабаро аст, ки мушкилоти рӯзмарраи худро ба таври аҷиб ҳал мекунад. Ҳалли мушкилоти ба ӯ рӯ ба рӯ шуда хеле аҷиб буда (аксар вақт ӯ эҷод мекунад), асосан, тамоми ҳазлу шӯхӣ аз ин сар мезанад. Вай кам сухан мегӯяд ва вақти иҷрои корҳо ё мушкилоти ҷиддие танҳо чанд калимаро бо овози паст ғур-ғур мекунад. Ҷаноби Бин худро дар ҳолатҳои хандаоваре мебинад, ки машғули корҳои оддӣ ҳастанд, ба монанди шиноварӣ, тамошои телевизор, таъмир, ба калисо рафтан ва ғайра[2][3] .

Эҷоди қаҳрамон вироиш

Қаҳрамони Мистер Бинро шахсан худи Рован Аткинсон ҳангоми таҳсил дар Оксфорд ихтироъ кардааст .

Бавуҷудоӣ вироиш

Ҷаноби Бин бори аввал дар силсилафилми телевизионии Бритониё «Ҷаноби Бин», ки аз соли 1990 то 1995 пахш шудааст, муаррифӣ шуд[4] . Силсилафилм дар муддати кӯтоҳ ба таври шоиста машҳур гашт ва бо як қатор мукофотҳои бонуфуз қадрдонӣ шуд. Дар байни онҳо BAFTA дар соли 1991 (ҳамчун «Беҳтарин Барномаи фароғатӣ») ва 1992 (ҳамчун «Беҳтарин мазҳака (барнома ё силсилафилм)»)[5] .

Эзоҳ вироиш

  1. BeanVideosHD. [HD First Class Flight (Mr. Bean)]. 30 Декабри 2018 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 Scotsman.com Living - Atkinson has Bean there and he's done with that. web.archive.org (18 октябри 2006). 26 Декабри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 октябри 2006.
  3. Bean (1997). 26 Декабри 2018 санҷида шуд.
  4. 15 Things You Might Not Know About Mr. Bean(англ.). mentalfloss.com (30 March 2015). 26 Декабри 2018 санҷида шуд.
  5. Mr. Bean. 26 Декабри 2018 санҷида шуд.