Ҷаҳонгир Низомов
Ҷаҳонгир Низомов — доктори илмҳои техникӣ (1999), профессор (2003). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2008).[1]
Таърихи таваллуд: | 1947 |
---|---|
Фазои илмӣ: | олим |
ЗиндагиномаВироиш
Ҷаҳонгир Низомов Институти муҳандисии сохтмони ба номи В.В.Куйбишеви Москваро хатм кардааст (1969)., ихтисос – «сейсмоло-гия»). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: назарияи иншоот ва моделсозии математикии масъалаҳои динамикии механикаи ҷисмҳои сахти каҷшуда, наза-рияи тобоварии сейсмикӣ, сейсмологияи муҳандисӣ. Мудири кафедраи «Механикаи сохтмон ва ба зилзила тобовари иншоот» ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ (1992-2004), директори Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ (2004-2010), мудири шуъбаи сохтмони ба зилзила тобовар (2004-2011), мудири озмоишгоҳи назарияи тобоварии сейсмикӣ ва моделсозии Институти геология, сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои ҶТ (2011).
ҶоизаҳоВироиш
- Аълочии маорифи халқи ҶТ (1997)
МанобеъВироиш
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |