Ҷаҳон Азонов (тав. 25 январи соли 1951, деҳаи Лоҳур, ноҳияи Данғара) — дорушинос, доктори илмҳои тиб (1995). Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002).

Ҷаҳон Азонов
Таърихи таваллуд 25 январ 1951(1951-01-25) (73 сол)
Зодгоҳ деҳаи Лоҳур, ноҳияи Данғара
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Ҷоизаҳо
Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002)

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббии Кӯлоб (1969) ва Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (ИДДТ) ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм кардааст (1979). Мудири бунгоҳи тиббии деҳаи Лоҳури ноҳияи Данғара (1969 – 1973), ассистенти кафедраи таърихи тиб ва гигиенаи иҷтимоии ИДТТ, аспирант, ходими хурд ва калони илмӣ, мудири шуъбаи патофизиология ва фармакотерапияи Институти гастроэнтерологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1979 – 1999). Аз соли 1999 сарвари Институти давлатии «Ғизо».

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Азонов муаллифи 3 монография, 60 мақолаи илмӣ ва зиёда аз 30 мақолаи илмию оммавӣ мебошад. Дар асоси корҳои илмии Азонов дар ҳамкорӣ бо заводи дорусозии Санкт-Петербург доруҳои «Геранол», «Гераноретинол», «Суғд», ки хосиятҳои талхаронӣ, зидди илтиҳобӣ ва зидди ташаннуҷӣ доранд, истеҳсол карда шудаанд. Раиси Кумитаи фармакологии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо медали «Барои меҳнати шоён» (1979) сарфароз гаштааст.

  • Лечебные свойства препаратов селена, Д., 2009;
  • Рустаниҳои шифобахш ва ғизоӣ, Д., 2010.

Сарчашма

вироиш