Ҷентиле Беллини


Ҷентиле Беллини (итолиёвӣ: Gentile Bellini, тақрибан 1429, Венетсия — 23 феврали 1507, Венетсия) – рассом, ҳунарманд, писари Якопо, устохонаи падарашро ба мерос гирифт. Ӯ дар худ таъсири ҳунари графикии А. Манжениро эҳсос менамуд. Барои офаридани расмҳои калонҳаҷм ихтисос пайдо карда буд, ки бо сифатҳои ороишиашон фарқ мекарданд: маъмулан манзараҳои Венетсияро дар лаҳзаҳои воқеаҳои муҳимми таърихии шаҳр дақиқу аниқ тасвир намудааст («Маросими пуршукӯҳ дар майдони Марки Муқаддас», 1496). Бисёр персонажҳои силсилаҳо хусусиятҳои портретӣ доранд. Ҳамчун тасвиргар (портреткаш)-и расмии Ҷумҳурии Венетсия тасвири баронҳоро офарид ва солҳои 1479–80 дар қасри султон Муҳаммади II дар Қустантания (Константинопол) кор кард (тасвири султон Муҳаммади II, тақрибан 1480).

Ҷентиле Беллини
Gentile Bellini
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд Ҷентиле Беллини
Таърихи таваллуд 1429[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 23 феврал 1507
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша рассом, муҷассамасоз, medalist
Падар Jacopo Bellini[d]
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор
Тасвири султон Муҳаммади II

АдабиётВироиш

  • Иванов С., Голованов К. Ф. Ф. Беллинсгаузен. Москва, 1952;
  • Болотников Н. Я., Ф. Ф. Беллинсгаузен и М. П. Лазарев // Русские мореплаватели. Москва, 1953.

СарчашмаВироиш

ЭзоҳВироиш