Венетсия
Вене́тсия (итолиёӣ Venezia) — шаҳрест, ки дар қисми шимолии Итолиё назди соҳили баҳри Адриатикӣ қарор дорад. Пеш аз ҳама таърих ва фарҳанги бой дорад ва бо мавқеъи ҷуғрофии худ, ки дар ҷазираҳо ва каналҳо қарор дорад, маъруф аст. Дар асрҳои миёна Венетсия маркази Ҷумҳурии Венетсия буда яке аз давлатҳои муҳимтарини атрофи баҳри Миёназамин ба ҳисоб мерафт. Дарҳол маркази калонтарини туристӣ (ҷаҳонгардӣ) ва пойтахти яке аз ноҳияҳои Итолиё, Венето мебошад. Аҳолиаш — 270 400 нафар (2009).
Маҳалли аҳолинишин | |||||
итол. Venezia вензӣ. Venesia | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Роҳбар | Luigi Brugnaro[d][1] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 25 март 421 | ||||
Масоҳат | |||||
Баландии марказ | 2 м | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+1[d] ва UTC+02:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 041 | ||||
Нишонаи почта | 30121–30176 | ||||
Коди мошин | VE | ||||
comune.venezia.it | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишНоми шаҳр аз номи вилояти Венетия бар меояд, ки аз номи қабилаи венетҳо гирифта шудааст. Ин қабила аз давраи Руми Бостон дар ҳамин ҷо сукунат мекарданд. Аммо он вақт маҳаллаҳои шаҳристонӣ мавҷуд набуд. Сукунати одамон пас аз тохтутози вестготҳо, ҳунҳои Аттила ва лангобардҳо, ки асрҳои V—VI милодӣ тамоми шаҳрҳои Аврупоро хароб карданд, ибтидо гирифт. Сохтумони шаҳристонҳо дар ҷазираҳои Венетсия дар нимаи асри VI сар шуд. Аз аввал марказҳои аҳолинишин Маламокко ва Торчелло қарор доштанд, сипас аз асри VIII сар карда ба мавқеъи имрӯза омад. Дар асри VII ҷазираҳо бо ташаббуси Рум дар иттиҳоди як ҳоким дохил шуданд (доҷ). Якум доҷ Паоло Лучио Анафесто дар соли 697 интихоб шуд, ки ҳуҷатҳое ки инро тасдиқ карда метавонад мавҷуд надоранд ва ӯ сипаҳсолори Румиро Magister militum-ро иваз карда тамоми ноҳияро зери итоати худ мегардонад. Аз байни асри VIII саркарда доҷро дар Венетсия интихоб мекарданд ва дар тасдиқ кардани сипаҳсолори Румӣ дигар ҳоҷат набуд. Якум сарчашмае ки интихоботи доҷҳоро тасдиқ мекунад аз соли 727 баргузор гашт ва ҳамагӣ дар таърихи шаҳр 120 доҷ интихоб шуда буд. Охирин доҷ Лодовико Манин, дар соли 1797 аз ҳукмронӣ рӯй мегардонад.
Мавқеъи ҷуғрофёӣ
вироишБандаргоҳ дар Баҳри Адриатӣ (миқдори борҳои кашондашуда зиёда аз 21 млн тонн дар як сол); Фурудгоҳи Байналмиллалӣ ба номи Марко Поло. Маркази таърихӣ ва бисёр марказҳои рассомӣ, ҳайкалтарошӣ дар 118 ҷазираҳои Венетсия қарор доранд ки ба воситаи қариб 400 пул (купрук) (ин чунин Риалто ва пули Нафас, ки дар охири асри XVI сохта шудааст) пайванд ҳастанд.
Қисми саноати — бандаргоҳии Венетсия (Местре) қитъагӣ мебошад. Киштисозӣ ва таъмири онҳо, металлургияи ранга, коркарди нефт ва маҳсулоти химиёвӣ, саноати сабук. Истеҳсоли маҳсулоти шишагини бадеӣ (ҷазираи Мурано; осорхона), маҳсулоти турӣ (ҷазираи Бурано), кошинкорӣ. Донишкада, консерватория (1916). Осорхона (ин чунин Нигористони Академияи санъат). Якумин театри опера ба ҳама дастрас «Фениче» (1792) дар ҳамин ҷо қарор доранд.
Иқлим
вироишВенетсия — шаҳри ҷанубӣ мебошад ва ба арзҳои хати устувои Қрим наздик аст. Баро Венетсия тобистони дуру-дарози гарм хос аст ва ҳарорати миёнаи тобистон тақрибан ба +23° гармӣ дар моҳи июл рост меояд. Дар зимистон, хусусан дар моҳи январ ҳарорати миёна +2,5°-ро ташкил мекунад. Баъзе вақт дар зимистон барфборӣ мешавад.
Иқлими Венетсия | |||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Нишондод | Янв. | Фев. | Март | Апр. | Май | Июн | Июл | Авг. | Сен. | Окт. | Нояб. | Дек. | Сол |
Максимуми миёна, °C | 5,8 | 8,2 | 12,0 | 16,3 | 21,2 | 24,8 | 27,5 | 27,0 | 23,6 | 18,1 | 11,5 | 6,7 | 16,9 |
Минимуми миёна, °C | −0,9 | 0,7 | 3,8 | 7,9 | 12,3 | 15,9 | 17,8 | 17,3 | 14,2 | 9,4 | 4,2 | 0,0 | 8,6 |
Андозаи бориш, мм | 58,1 | 54,2 | 57,1 | 64,3 | 68,7 | 76,4 | 63,1 | 83,1 | 66 | 69 | 87,3 | 53,7 | 801 |
Сарчашма: meteoAM Боду ҳаво ва иқлим |
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Венеция, город // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона: В 86 томах (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.(рус.)
- Венеция (город в Италии) // Большая советская энциклопедия : в 30 т. / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.(рус.)
- Разумов Г. А., Хасин М. Ф. Тонущие города. — М.: Стройиздат, 1991(рус.)
Шаҳрҳои Итолиё | |
---|---|
Рим | Милан | Неапол | Турин | Палермо | Генуя | Болоня | Флорентсия | Бари | Катания | Венетсия | Верона | Мессина | Падуя | Триест | Таранто | Брешиа | Реҷо-ди-Калабрия | Прато | Модена | Парма | Перуҷа | Реҷо-Эмилия | Ливорно | Каляри | Равенна | Фоҷа | Салерно | Римини | Феррара | Сассари | Сиракуза | Пескара | Монса | Латина | Бергамо | Форли | Виченса | Ҷуляно-ин-Кампаня | Тренто | Терни | Новара | Анкона | Болсано | Пяченса | |