Ҷованни Боккаччо
Ҷова́нни Бокка́ччо (итол. Giovanni Boccaccio; 1313[1][2][3][…], Флоренсия[d], Ҷумҳурии Флоренсия[d][1][3][6][…] — 21 декабр 1375[4][2][5][…], Черталдо[d], Ҷумҳурии Флоренсия[d][4][2][3][…]) — нависандаи итолиёӣ. Яке аз нахустин намояндагони адабиёти инсондӯстии давраи Эҳё.
итол. Giovanni Boccaccio | |
Таърихи таваллуд: | 1313[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 21 декабр 1375[4][2][5][…] |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | қиссанавис, шоир, диплумот, тарҷумон, зиндагиноманавис, устуранигор, нависанда |
Солҳои эҷод: | 1323[7] — 1373[7] |
Забони осор: | итолиёӣ[8] ва лотинӣ[5] |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард |
Достонҳои Ҷованни Боккаччо «Шикори Диана» (1334), «Филоколо» (1330), «Филострато» (1338), «Тесеида» (1339—1341), дар мавриди муборизаи Тесей ба муқобили амазонкаҳо) ва ғ., романи «Филоколо» — иборат аз 5 китоб (1336) дар таъсири адабиёти атиқа — асотири Юнони Қадим навишта шудаанд.
Зиндагинома
вироишСоли 1340 аз Неапол ба Флоренсия баргашт. Соли 1350 бо Петрарка шинос шуд. Дар ин давра дар андешаи Ҷованни Боккаччо норозигӣ аз роҳи эҷодии пешгирифтааш ба вуҷуд омад. Ӯ ба эҷоди асарҳои ҷавобгӯи воқеияти замон рӯй овард, вале назари Ҷованни Боккаччо ба ҷаҳон ва инсон аз дидгоҳи Эҳё боқӣ монд. Ҷованни Боккаччо нахустин муҳаққиқи эҷодиёти Данте мебошад. «Мазҳака»-и Дантеро маҳз Ҷованни Боккаччо «илоҳӣ» номид ва тарҷумаи ҳоли ӯро навишт («Зиндагиномаи Данте Алигйери», тақр. 1360). Ба қалами Ҷованни Боккаччо рисолаҳои ба забони лотинӣ навишташуда «Шаҷараи худоён» (1350), «Дар бораи занони машҳур» (1361-75), «Саргузашти талхи мардони машҳур» (1355-74) тааллуқ доранд. Ҷованни Боккаччо яке аз саромадони осори психологӣ дар адабиёти Аврупо ба шумор меравад (повести «Фяметта», 1345). Ӯ асосгузори навъи адаби (жанри)-и новелла мебошад. Муҳимтарин офаридаи Ҷованни Боккаччо — китоби «Декамерон» (1348-53) яке аз бузургтарин осори давраи Эҳё буда, ба шакли қисса андар қисса иншо шудааст. Ҷованни Боккаччо ба тавассути ҳикоёт (новеллаҳо)-и «Декамерон» орзуву ормони инсони давраи Эҳёро ифода намудааст. Ба шарофати эҷоди ин асар Ҷованни Боккаччо асосгузори забони адабии итолиёӣ (забони адабии осори мансур) эътироф гардидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 BeWeB
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 Bosco U. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 3.4 3.5 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 Sapegno N. Dizionario Biografico degli Italiani (итол.) — 1968. — Vol. 10.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 https://www.mirabileweb.it/author/-/229863 (итол.) — SISMEL – Edizioni del Galluzzo.
- ↑ 6.0 6.1 various authors Encyclopedia of Renaissance Philosophy / зери таҳрири M. Sgarbi — Springer, Cham, 2019. — doi:10.1007/978-3-319-02848-4
- ↑ 7.0 7.1 RKDartists (нидерл.)
- ↑ CONOR.Sl
Адабиёт
вироиш- Боккаччо Ҷованни // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.