Ҷовид Муқим (Муқимов Муҳаммадӣ Аминович; 7 феврали 1961[1]; Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — рӯзноманигор, доктори улуми филология, профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ.

Ҷовид Муқим
Муқимов Муҳаммадӣ Аминович
Ҷовид Муқим дар соли 2012.
Ҷовид Муқим дар соли 2012.
Таърихи таваллуд 7 феврал 1961(1961-02-07) (63 сол)
Зодгоҳ Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Рӯзномаи «Тоҷикистон»
«Паёми Душанбе»
Ҳафтаномаи «Нерӯи сухан»
Радиои Тоҷикистон
Радиои Озодӣ/Аврупои Озод
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Факултети иқтисоди Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1986),
Факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (1992)
Вебгоҳ jovidmuqim.wordpress.com

Таҳсилот

вироиш

Соли 1986 факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ва соли 1992 факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатӣ

вироиш

Дар рӯзномаҳои «Паёми Душанбе», Тоҷикистон», «Нерӯи сухан», радиоҳои Тоҷикистон ва «Озодӣ» фаъолият кардааст. Ӯ соли 2003 рисолаи номзадӣ ва соли 2006 рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.

Таълифот

вироиш

Ҷовид Муқим аз соли 1990 узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон буда, ба қалами ӯ беш аз 1000 маводи журналистӣ, 75 мақолаи илмӣ, 5 монография («Ҳақиқат ва дурӯғ» (2000), «Мақоми жанрҳо дар Радиои «Озодӣ» (2000), Радио «Свобода»: ложь и правда» (2005), «Радиои Би-Би-Си: дирӯз ва имрўз» (2006), «Сиёсат ва ҷанги иттилоотӣ» (2006), 7 дастури таълимӣ («Гендер ва журналистика» (2006), «Матбуоти тоҷик ва масоили гендерӣ» (2007 бо ҳаммуалифӣ), «Дастур барои радиожурналистони ҷавон» (2008), «Таърихи журналистикаи кишварҳои хориҷӣ» (2011 бо ҳаммуалифӣ), «Мусоҳиба ва техникаи таҳияи он» (2013), «Буҷаи давлатӣ ва журналистика» (2015), «Журналистикаи мултимедиявӣ» (2016) тааллуқ дорад.

Ҷовид Муқим дар омода кардани кадрҳои илмӣ низ саҳм дорад. Таҳти роҳбарии ӯ чандин нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд.

Ҷовид Муқим ба эҷоди бадеӣ низ машғул буда, ӯ 5 китоб («Вақте мард мегиряд (2007), «Ишқи деромада» (2008) ва «Ишқи мӯйсафед» (2012), «Қасос» (2013), «Хиёнат» (2015) чоп кардааст ва аз соли 2015 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Ҷоизаҳо

вироиш

Соли 2010 ба унвони Аълочии матбуоти Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

  1. Аз саҳифаи фейсбукии Ҷовид Муқим

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш