Ҷозеф Леонард Голдстайн
Ҷозеф Леонард Голдстайн (англ. Joseph Leonard Goldstein; зод. 18 апрел 1940[1][2][3][…], Кингстрӣ[d], Каролинаи Ҷанубӣ) — духтур ва генетики амрикоӣ.
англ. Joseph Leonard Goldstein | |
Таърихи таваллуд | 18 апрел 1940[1][2][3][…] (84 сол) |
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | зистшимӣ ва офаринишшиносӣ |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи донишгоҳҳои Вашингтон ва Ли дар Лексингтон (1962), мактаби тиббии ҷанубу ғарбии Донишгоҳи Техас дар Даллас (1966). Аз соли 1972 дар мактаби тиббии ҷанубу ғарбӣ кор мекунад; ординатори калони беморхонаи Паркленд, профессор (1976), роҳбари шуъбаи генетикаи молекулавӣ, баъдан профессор тиб ва генетика. Оид ба шакли тавъами оилавии ҳиперлипидемия пажӯҳиш анҷом додааст. Ҳамроҳ бо Браун М. бо истифода аз усули парвариши бофтаҳо (рӯёндани ҳуҷайраҳои пӯст) пайдоиш ва танзими холестеринро таҳқиқ кардааст, баъзе тағйирот (мутатсия)-и генҳоро, ки барои интиқоли холестерини хун ба воситаи липопротеидҳои зичиашон кам муҳимманд, шарҳ додааст (1984). Соли 1985 барои таҳқиқи мубодилаи холестерин сазовори мукофоти Нобел гардидааст (ҳамроҳи Браун М.).
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 3.0 3.1 Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
Сарчашма
вироиш- Голдстайн Ҷозеф Леонард // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.