Ҷомадӯз (форсӣ: جامه دوز) он ки ҷома медӯзад, он ки ба дӯхтани ҷома машғул аст.

  • Ҷомадӯзӣ - ҳунари дӯхтани як навъи либоси гарми болоии пахтагини суннатӣ буда, дарозиаш аз зону поён аст.
  • Хелҳои ҷома: ҷомаи абра-астари кампахта, ҷомаи алоча, ҷомаи банорас, ҷомаи беқасаб, ҷомаи зеҳборик, ҷомаи серпахта; ҷомаи боронӣ (ҷомаи обногузар).
  • Ҷомавор/ҷомаворӣ: либоси муносиб барои ҷома - матое, ки барои дӯхтани як ҷома кифоя мекунад. Асосан аз чит, сатин, пилтабахмал ва аксаран аз беқасаб медӯзанд.
  • Абраашро аз 6 қисм мебуранд:
  • бари пушт (ба шакли чоркунҷаи яклухт),
  • бари пеш (иборат аз ду қисм: нимаи рост ва чап),
  • паҳлӯ (иборат аз ду қисм: нимаи рост ва чап),
  • тирез (иборат аз ду ҷузъ: чап ва рост),
  • остин (остини рост ва чап),
  • гиребон (як қисми яклухт).

Ҳамчунин қисми болоии мобайни паҳлӯҳои чапу ростро мустақим бурида, ба зери бағал ду қулфаки мураббаъшакл мечаспонанд. Тамоми қисмҳои ҷомаро бо хатҳои рост ишора карда мебуранд. Ба ду нӯги гиребон аз риштаи пахтагӣ ё абрешимӣ камарча медӯзанд, ки дар сари сина воқеъ гашта, вазифаи тугмаро адо мекунанд. Андозаи ҷомаро хуб чен карда, баъд буридан лозим аст. Ҷомаи андозааш 48-50 (қадаш 3) чунин чен карда мешавад. Аввал бари пуштро мебуранд, ки 40 см паҳнӣ, 128-130 см дарозӣ (барқад) дорад. Сипас бари боло (25 см), бари поён (35 см)-и паҳлӯи рост ва чапро ба як андоза мебуранд. Дарозии бари пеш, ки аз ҷузъҳои чап ва рост иборат аст, ба дарозии бари пушт баробар (яъне 128-130 см) бояд бошад. Бари боло (сари сина) 12 см, бари доман 19-20 см мешавад. Дарозии остинро 105-107 см, бари нӯги остин ва саростинро мутобиқан 18-24 см карда мебуранд. Паҳнии болои тирез 4 см ва доманаш 10 см мешавад. Паҳнии гиребон бояд тахминан 4 см ва дарозиаш 105 см бошад. Астарро яклухт ба ҷузъҳои абра мувофиқ карда мебуранд. Астари тирезро низ баробари андозаи абраи он бурида, ба астари асосӣ мечаспонанд. Он бояд аз лас ё сатини ҳамранги ҷома интихоб шавад. Баъди абраю астарро бо ҳам пайвастан, ба нӯги остин, гиребон ва доман ҷиҳаки борик дӯхта, дар ҷои пайванди домани пеш ва паҳлӯ барои осон шудани роҳгардӣ аз чапу рост кӯсак мебароранд. Гиребони ҷомаро бо бараш яклухт ҳам буридан мумкин аст. Ҳангоми пайвастани астар, ҷойҳои барои андохтани пахта мувофиқро нодӯхта мемонанд. Онро танҳо баъди ба ҷома пахта кашида, лаганда кардан медӯзанд. Ба гиребон бо мошина 5-6 дарз медӯзанд. Баъди андохтани пахта онро хомкӯк зада, сипас аз бари пушти ҷома шурӯъ карда, ба росту чап лаганда мекунанд, ки масофаи байни онҳо бояд 2-3 см бошад. Тирезро зичтар лаганда кардан лозим. Байни абраю астари ҷома пахта истифода мебаранд. Ҷомаҳои аз чит, сатин ва пилтабахмал дӯхташударо сахт ғиҷим накарда, боэҳтиёт мешӯянд, зеро ҳангоми сахт тоб дода совидан пахтааш тӯда мешавад. Ҷомаҳои беқасаби кабудро, бо истифодаи хокаҳои шӯянда дар оби ширгарм эҳтиёткорона мешӯянд. Ҷомаҳои беқасаби рангаро бошад, дар козурии химиявӣ ё дар шароити хона бо усули химиявӣ (масалан, бо атсетон ва бензини авиатсионӣ) бозҳтиёт тоза кардан лозим аст.[1]

Сарчашма

вироиш