Ҷонишинҳои манфӣ
Ҷонишинҳои манфӣ дорои маънои инкори умумӣ мебошанд. Дар забони тоҷикӣ калимаи ҳеч ҷонишини манфӣ ба шумор меравад. Хабари ҷумла бо ин ҷонишин дар шакли инкорӣ меояд.
Мисолҳо:
вироиш- Ҳеҷ ҳаракати аз одат берун дида намешуд (Садриддин Айнӣ).
- Зуд бош, ки ҳеч об намондааст (Садриддин Айнӣ).
Шаклҳои таркибии ҷонишини манфӣ аз ҷонишини ҳеч, ҷонишини саволӣ ва калимаи як ва ё исм таркиб ёфтаанд:ҳеч кӣ, ҳеч чӣ, ҳеч кас, ҳеч чиз, ҳеч гуна, ҳеч кадом, ҳеч як.
Мисолҳо:
вироиш- Бо сесад танга ҳеч кас ба сарбозӣ розӣ намешавад (Садриддин Айнӣ).
- Аммо вай, албатта, ҳеч чӣ нагуфт (Пӯлод Толис).
- Ҳеҷ кадоми онҳо дастхушк набуданд (Садриддин Айнӣ).
Нигаред низ
вироишАдабиёт
вироиш- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. — Душанбе: Дониш, 1985. — 171саҳ.