Ҷонон Бобокалонова

(Тағйири масир аз Ҷонон Карим)

Бобокалонова Ҷонон Каримовна (Ҷонон Карим; 13 сентябри 1929, Конибодом — 17 июни 2005, Душанбе) — адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1983), профессор (1985). Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1992), академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ (1991).

Ҷонон Бобокалонова
Бобокалонова Ҷонон Каримовна
Таърихи таваллуд 13 сентябр 1929(1929-09-13)
Зодгоҳ Конибодом
Таърихи даргузашт 17 июн 2005(2005-06-17) (75 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор ДДОТ (1954—2005)
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер ИДПД (1949)
Ҷоизаҳо
«Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон» (1971)
«Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1994)

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе (ИДПД, 1949). Фаъолияти кориаш чун омӯзгори мактаби миёна ва ходими маҷаллаи «Пионер» оғоз ёфтааст. Пас аз хатми таҳсил дар аспирантураи ИДПД (1954) то охири умр дар кафедраи адабиёти тоҷики ИДПД ба тадрис ва таҳқиқ машғул шуд.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Беш аз 400 асар — аз барномаи таълим, дастурҳои таълим, китобҳои дарсӣ сар карда то ба мақолаҳову рисолаҳо ва монографияҳои илмӣ ба қалами Ҷонон Бобокалонова тааллуқ доранд. Ҷонон Бобокалонова чун муҳаққиқи адабиёти тоҷик ба се масъалаи муҳим — адабиёти бачагон, зан ва инъикоси образи ӯ дар адабиёт, танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ таваҷҷуҳ дошт. Дар маҷмӯаҳои илмӣ ва маҷаллаҳо аз соли 1956 сар карда мақолаҳояш дар бораи адабиёти бачагон ва адибони барои бачагон эҷодкунанда (Мирсаид Миршакар) ба табъ расидаанд, ки дар маҷмӯаҳои «Мақолаҳо оид ба адабиёти бачагона» (1967), «Мирсаид Миршакар — шоири бачагон» (1976; ин китоб соли 1982 дар Маскав ба забони русӣ ба табъ расид) ва ғ. фароҳам омадаанд. Дар таҳия, тадвин ба нашр расидани «Тазкираи адабиёти бачагонаи тоҷик» (1975—1981, ҷилдҳои 1-5.) саҳм гузоштааст. Ба таҳқиқи масъалаи образи зан ва мавқеи ӯ дар адабиёт Ҷонон Бобокалонова солҳои 70 садаи XX рӯй овард (мақолаҳои «Мулоҳизаҳо оид ба мавзӯи озодии занон дар назми солҳои бистуми тоҷик», «Образи занон дар „Духтари оташ“-и Ҷалол Икромӣ», «Мулоҳизаҳои Аҳмади Дониш дар бораи занон», «Замони нав ва занон», «Симои занон дар адабиёти форсу тоҷик» ва ғайра).

Солҳои 1980 Ҷонон Бобокалонова дар қатори таҳқиқи масъалаҳои адабиёти тоҷик ба таҳқиқи масъалаҳои танқиду адабиётшиносӣ даст зад ва дар ин боб мақолаҳову рисолаҳо ба табъ расонд («Ташаккули характер», «Назаре ба таърихи танқиди адабии тоҷику форс» ва ғайра). Бо роҳбарии Ҷонон Бобокалонова 15 нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанд. Ҷонон Бобокалонова узви Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоқикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шӯрои ҳимояи рисолаҳои доктории ДМТ ва АИ ҶТ буд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо медали «Барои меҳнати шоён» (1970), нишони «Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон» (1971) ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст. Узви ИН Тоҷикистон (1991) ва ИЖ Тоҷикистон (1995).

  • Аз баландиҳои кӯҳи сарбаланд. Д., 1992,
  • Офтоби сари кӯҳ. Д., 1998;
  • Нақши занон дар номаи шоҳон. Д., 1998;
  • Боли ҳунар. Д., 1998;
  • Назаре ба таърихи танқиди адабии тоҷику форс. Д., 1999;
  • Зан ва сухан. Д., 1999;
  • Некӣ бимонад ёдгор (маҷм. мақолаҳо). Д., 2000.

Адабиёт

вироиш
  • Бобокалонова Ҷонон Каримовна / М. Маҳмудов, А. Худойдодов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.


Пайвандҳо

вироиш